Марзи нангу номус

Мо мардуми шарифи тоҷик, ки ватандӯсту меҳанпараст ҳастем, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми кишвари ҷоноҷонамон омода ҳастем. Гузаштагони мо аз Шераку Муқаннаъ ва Спитамен оғоз карда, то Восеъу Айнии бузургвор ва ҳазорҳо мисли онҳо родмардони Ватан баҳри ҳар як пораи кишвар хун рехта, миллату давлати худро ҳимоя намудаанд ва ҷонбозиҳои онҳо барои мо намунаи ибрат ва корнамоист.

Лозим ба ёдоварист, ки даъвоҳои пуч ва беасоси Ҷумҳурии Қирғизистон дар масъалаи гирифтану соҳиб шудан ба  маҳалли Ворухи Тоҷикистон, мо мардуми банангу номуси Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Барои мо ҳар як қитъаи сарзамини ҷоноҷонамон мўътабар аст ва табиист, ки мо зидди ин гуна даъвоҳо ҳастем.

Имрӯз Ворух марзи нангу номус ва ватандориву меҳанпарастӣ мебошад. Аз ватандорию ватандӯстии миллати тоҷик аз азал тамоми ҷаҳониён  дар ҳайрат буданд ва дар ҳайрат хоҳанд монд. Чунки барои мо – меҳанпарастӣ  аз ҳифзи ҳар як ваҷаби кишварамон оғоз ёфта, то сарсабзу  обод намудани он давом меёбад. Ватандӯстиву ватанпарастӣ дар хуни мо ҷорӣ аст!

Ба даъвогарони Қирғизистон хусусан роҳбарияти КДАМ-и онҳо Тешаев ҳанӯз Фирдавсии бузургвор аз номи тамоми мардуми ватандӯст гуфта буд:

Ҳама сар ба сар ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ имрӯз омодааст, ки барои ҳимояи Ватан рӯз то рӯз ободу зебогаштаистодаамон хун резад, аммо порае аз ин хоки муқаддасро ба аҷнабӣ намедиҳад. Ҳар як санги кишвар, ҳар як ваҷаби он барои мо азизу мӯътабар аст! Мо ҳамаи онҳоеро, ки бо иқдом ва нияти нек ба кишварамон назар меафкананд бо меҳрубонӣ қабул менамоем, аммо онҳое, ки бо қасдҳои нопок дастдарозӣ карданӣ мешаванд, дасташонро кӯтоҳ менамоем!

Мутаассифона дар ҳар давру замон дар байни халқҳои ҷаҳон хоинҳо низ вуҷуд доштанд. Чунончӣ оид ба масъалаи сарҳади давлатӣ ТЭТ  ҲНИ аз худ чунин хиёнат зоҳир намуда, навори 2 сол қаблии роҳбари  Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчинбек Тошиевро дар бораи Лахшу Мурғоб нашр карданд ва бешарафона тарафдори қирғизҳо гаштанд. Ин хоинон бо мақсадҳои ғаразноки хеш ҳатто баҳси байни ду ҷумҳуриро истифода бурда, омода ҳастанд ки ҳатто ҷанг ташкил намоянд. Аҷоибот дар он аст, ки ин тоифа боз худро ватандӯсту ватанпарвар меноманд! Виҷдон куҷост? Магар шарм намедоранд?!

Исмоилов Ш.М. – н.и.и., мудири

кафедраи технологияҳои иттилоотӣ

дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

You might also like