Баррасӣ ва таҳлили масъалаҳои мубрами рӯз дар мизи мудаввари муштараки байнидонишгоҳӣ
Санаи 22-юми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара мизи мудаввари муштарак таҳти унвони “Таъсири манфии ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ ба суботи ҷомеа” ба таври онлайн доир гардид. Дар кори мизи мудаввар як гурӯҳ устодону омӯзгорон ва муҳаққиқону донишҷӯёни ҳар ду донишгоҳ фаъолона ширкат варзиданд.
Мизи мудаввари муштаракро ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода ҳусни оғоз бахшида зикр намуд, ки имрӯзҳо хатари ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар ҷомеаи бениҳоят калон буда, таъсири манфии онҳо ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқи на танҳо як мамлакат, балки кулли минтақа ва ҷаҳон расида истодааст. Сипас декани факултети идораи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара (ДДД) дотсент Шарифхӯҷа Ҳасанов дар мавзӯи “Асосҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ”, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ дотсент Шӯҳрат Саидзода дар мавзӯи “Ватандӯстӣ – омили пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ”, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДДД дотсент Комил Азизов дар мавзӯи “Роҳҳои муқовимат бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ”, ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Ҳаётҷон Қурбонов дар мавзӯи “Таъсири манфии шабакаҳои интернетӣ ба тафаккури ҷавонон” ва унвонҷӯи кафедраи фанҳои гуманитарии ДДД Рустам Бахтиёрзода дар мавзӯи “Зуҳуроти ифротгароӣ миёни ҷавонон ҳамчун омили пешгирандаи рушди неруи зеҳнӣ” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво иброз намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввари мушатарак устодону омӯзгорон бобати роҳҳои пешгири аз шомилшавии насли наврас ва ҷавонон андешаҳои худро баён намуданд. Зикр карданд, ки ташкили чунин онлайн-вохӯриҳо дар шароити имрӯза бисёр муфид аст. Ингуна ҷамъомадҳои илмиву таълимӣ ва тарбиявӣ таконе мебахшад дар бартарафсозии мушкилоти ҷомеа. Аз ҷониби ДДҲБСТ ва ҳам ДДД даъват ба амал оварда шуд, ки чунин чобариниҳо дар форматҳои нав ба нав доир гарданд, то ки мо аз таҷрибаи якдигар баҳраманд гардем.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




