Баргузории озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ
Дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид.
Дар марҳилаи мазкур зиёда аз 44 нафар донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд. Аз ҷониби доварон қоидаҳои иштирок кардан дар ин озмун ба ҳозирин фаҳмонида шуд.
Мутобиқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамагӣ 5 номинатсия пешбинӣ шудааст, ки ҳар як донишҷў сараввал номинатсияи худро муайян намуда, сипас мутобиқ ба он рўйхати адабиёти мутолиакардаашро пешниҳод намуд. Доварон бо саволҳои амиқи худ адабиёти мутолиа намудаи донишҷўёнро санҷиданд.
Дар натиҷаи баргузор намудани даври факултетии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 44 нафар иштирокчиён 10 нафар ба даври минбаъдаи озмун роҳхат гирифтанд. Баргузории озмуни мазкур дар дигар факултетҳо идома дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа