Баргузории ҷаласаи васеи шӯрои сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ
Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи васеи шӯрои сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони карфедраҳо ва сарпарастони гуруҳҳои таълимӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи васеи шӯрои сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ фаъолияти сарпарастони гурӯҳҳо натиҷагирӣ ва қарзҳои академикии донишҷӯён, маблағи таҳсил, давомоти донишҷӯёни гуруҳҳои таълимӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Иброз шуд, ки сарпарастон (кураторон)-и гурӯҳҳои таълимӣ бо мақсади беҳдошти корҳои тарбиявӣ, шиносоии донишҷӯён бо санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки бевосита ба донишҷӯён дахл дорад, пешгирии намудани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, риоя намудани сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби донишҷӯён, истифода накардани телефонҳои мобилӣ дар раванди машғулият, ҳозир шудани донишҷӯён бо нақлиёти шахсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, сарпаратон (кураторон)-и гурӯҳҳои таълимии факултетҳо вазифадор гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба масъалаҳои болозикр ҷоннок намоянд. Ба сарпарастони гуруҳҳои таълимии донишгоҳ пешниҳод гардид, ки оид ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии донишҷӯ мулоҳизаҳои ҷамъбастиро баъди ҳар як нимсола омода намоянд.
Дар идомаи ҷаласа сарвари донишгоҳ аз роҳбарони гурӯҳҳо ҷиҳати иштироки донишҷӯён дар озмунҳои сатҳи донишгоҳиву вилоятӣ ва ҷумҳуриявиву байналмилалӣ даъват ба амал оварда, иброз кард донишҷӯёне, ки дар даври донишгоҳии озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифат” сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд бо маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Дар интиҳои ҷаласа роҳбари донишгоҳ аз иштирокчиён хост, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва дар соатҳои тарбиявӣ ба донишҷӯён дар бораи муқаддасоти милливу давлатӣ маълумот диҳанд то донишҷӯён дар баробари донишҳои тахассусӣ ватандӯсту хештаншинос ва забондон тарбия ёбанд. Ҷаласа бо саволу ҷавоб ва вазифагузориҳо ба интиҳо расид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа