Мақсади нобакори Кабирӣ ва пайравони ӯ

Оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар души ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан ояндасозӣ миллат ин ҷавонон мебошанд. Бояд, ҷавонони мо хуб дарк намоянд, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳо гузошта мешавад. Яъне ҳифзи сарзамини аҷдодӣ, Ватани азизамон масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро зарур аст то ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, кӯшишу талош намоем.

Аммо имрӯзҳо ин гул-гулшукуфои давлатро баъзе шахсон намехоҳанд.  Аз он ҷумла Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Сулаймон Давлатов, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи  Садриддин ва пайравони онҳо дарк кардан намехоҳад, ки идома ёфтани фаъолияти ТЭТ ҲНИ, ки аз ҳуруфот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ ва ғайра  таркиб ёфтааст, барои мардуми мо ягон суде нест.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Имруз Муҳаммадиқболи Садриддин ва Муҳиддин Кабирӣ шахсоне, мебошанд, ки онҳоро метавон бо як миқдор маблағи ночиз дар Аврупо харидорӣ кард ва чӣ тавре, ки хоҳи истифода бурд. Онҳо аз тарафи сохторҳои махсуси кишвари алоҳидаи бо мо «дӯст»,  харидорӣ ва мисли занҳои сабукпо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда шуда истодаанд.

Сомонаи «Ислоҳ.нет», ки мақсади асосиаш ҷавонону наврасони гумроҳ ва шахсони ноогоҳро ба пуррагӣ ба худ ҷалб намуда, ҳангоми ба дом афтодани ин тоифа, мисли Кабирӣ аз онҳо фирор карда, дурӣ меҷуяд, Муҳаммадиқболи Садриддин.

Аз ин сабаб ҷавонони гумроҳ бояд бидонанд, ки онҳо мисли нафарони дигар, ки солҳои қабли дар гирди ташкилоти терорристӣ-экстремистии наҳзат  ҷамъ буданду айни замон паси панҷара ҳастанд, навбат акнун ба «Ислоҳ.нет» ва М.Садриддин расидааст.

Бояд ҷавонон ва ашхоси ноогоҳ донад, ки имруз собиқ аъзоён ва пайравони ТЭТ ҲНИ аз кирдорҳои аблаҳонаю разилонаи содиркардаи худ пушаймон ҳастанд ва нисбати роҳбари ин ташкилот М.Кабирӣ, нафрат доранд. Эҷоди камарбанди дурӯғ бар зидди миллат, ҳеч гоҳ оянда надорад.

Мухаммедова Ш.Ф. – дотсент, мудири

кафедраи технологияҳои иттилоотию

коммуникатсионӣ ва барномарезӣ

You might also like