Ҷиноят набояд бе ҷазо монад!
Аз руи маълумотҳои нашрнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Россия Изат Амон (Холов Изатулло Амонович) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз шаҳрвандӣ маҳрум ва аз Федератсияи Россия ронда шудааст.
Изат Амон, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Тибқи моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаллобӣ, ин тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ мебошад.
Қисми 4-уми ин модда ҳамчун ҳолати вазнинкунанда ба миқдори махсусан калон содир шудани қалобиро пешбинӣ менамояд ва маҳз бо ҳамин меъёр нисбати Холов И.А. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки ҷазои он ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он пешбини мегардад
Бояд қайд намуд, ки Изат Амон дар Федератсияи Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулиро гирифта аз худ кардааст.
Бинобар ин Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳое, ки дучори қаллобии Изат Амон гардидаанд, хоҳиш намудааст, ки ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Изат Амон дар баробари чунин қаллобиву фиреби шаҳрвандони Тоҷикистон дар мусофират, ҳамчунин дар байни муҳоҷирони тоҷик маълумотҳои беасосро тарғиб намуда, пайваста дар хусуси нокомӣ, бесалоҳиятӣ ва беаҳамиятии мақомоти давлатии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи сиёсати дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин муносибат бо муҳоҷирони тоҷик баён менамуд.
Чунин фаъолияти ғайриқонуниву хунукназаронаи Изат Амон ба муҳлати дуру дароз давом накард. Чихеле, ки дар урфият мегуянд: «Бори каҷ то ба манзил намерасад» .
Бобоев А.Х. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ