Донишҷӯи ДДҲБСТ ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид

Донишҷӯи соли сеюми факултети молияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шохрух Қаҳҳоров дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди Ушу-санда, ки дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон доир гардид ба гирифтани мақоми аввал ва дипломи мусобиқа шарафёб гардид. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи Ушуи ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ беш аз 200 нафар варзишгарон аз шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуданд.

Донишҷӯӣ ДДҲБСТ Шохрух Қаҳҳоров ба чор ҳарифаш дастболо гардида, соҳиби мақоми аввал шуд. Ёдовар мешавем, ки ӯ солҳои қаблӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳрҳои Бохтару Душанбе доир гардида буд, соҳиби ҷойи аввал шудааст.Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба Шохрух Қаҳҳоров барои муваффақиятҳои навбатӣ дар ҷодаи омӯзиш ва варзиш муваффақиятҳои паёпай орзу менамояд.

 

You might also like