Ибодати дастҷамъонаи бехатар

Аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шуд. Дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.

Дар иттилоияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардид.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархўрди тамаддунҳо вазъияте, ки дар соли 2020 ҷомеаи ҷаҳонро ба мушкилоти ҷиддӣ рў ба рў намуд, бо суръат паҳн гаштани бемории сироятии коронавирус мебошад. Ин бемории сироятӣ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ паҳн гардид ва таъсири манфии худро ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа расонид.

Вобаста ба паёмадҳои ногувори ин беморӣ қариб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ, фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ ва иттиҳодияҳои динӣ манъ карда шуд.

Вобаста ба вазъи воқеии имрўза Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад.

— бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус- COVID-19 аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шавад;

— Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешаванд, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳурияви оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад.

Дар чунин як шароити эпидемиявӣ таъмини дастҷамъонаи ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ ҳамаи номзгузорон бояд қоидаҳои зиддиэпидемиявиро риоя намоянд. Дар баробари ин зарур аст, ки имомхатибон пайваста дар хусуси расидан ба қадри сулҳу оромӣ, пешгирии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ба намозгузорон ҳидоят кунанд. Ба мо маълум, ки дар Сурияву Ироқ, Афғонистону Либия ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳамоно амалҳои террористӣ анҷом дода шуда, теъдоди зиёди одамон кушта ва шаҳру деҳот хароб мегарданд. Сокинони минтақаҳои ҷангзада дар орзуи сулҳу субот ҷон месупоранд, аммо ба даст овардани фазои амну ором ба онҳо муяссар намешавад.

Дар қатори ташкилотҳои хунхори ифротӣ, ки минтақаи Шомро бо хоку хун ғӯтавар  сохтаанд, ҳизби террористии наҳзати ислом низ дар андешаи табаддулоти давлатӣ ва несту нобуд кардани миллати тоҷик аст. Ин ҳизби хунхор макру ҳилла намуда, бо истифодаи фазои интернет таблиғот мебарад, гапҳои дурӯғу беасос гуфта, ба ин васила мехоҳад ҷавонони моро гумроҳ созад ва ба вартаи ҳалокат афканад.

Амалҳои даҳшатборе, ки ҳизби наҳзати ба ном ислом дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда буд, ҳаргиз фаромуш намешаванд, зеро бар асари мусулмонкушии наҳзатиён беш аз яксаду панҷоҳ ҳазор одамони бегуноҳ-ҷавонон, занону кӯдакон, мӯсафедону маъюбон кушта шуда, шаҳрҳову деҳаҳои обод валангор гардиданд. Пас, имрӯз бори дигар садо баланд кардани як тӯда авбошони наҳзатӣ ба мо асаре намекунад, дигар касе ба онҳо бовар намекунад, зеро одамон ба қадри сулҳу субот расидаанд ва ҳеҷ кас намехоҳад,ки воқеаҳои солҳои навадум бори дигар такрор шаванд.

Бобоев А.Х. – н.и.ҳ, дотсент, мудири

кафедраи ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like