Чаро Кабирӣ аз қазияи Изат Амон норозигӣ менамояд

Роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар атрофи Иззат Амон доду фарёд бардошта норозигӣ баён намуда истодааст. Ин бесабаб нест, зеро И.Амон яке аз шахсони ҳаммаслаки М.Кабирӣ ва ташкилоти ў ба шумор мерафт. Бо кўмакӣ Иззат Амон наҳзатиҳо дар байни муҳоҷирони меҳнати тоҷик корҳои ташвиқоти бурда, онҳоро барои дастгирӣ намудани “Гурўҳи 24” ва ТТЭ ҲНИ даъват менамуд.

Баромади навбатии онлайнии М.Кабирӣ саропо хусусияти иғвоангезӣ дошта ў кўшиш намудааст, ки худро чун ҳақиқатҷў ва ҳимоягари манфиати халқ нишон диҳад.

Аз таърих аён аст, ки ҳизби наҳзат ва Кабирӣ барои Тоҷикистон ва миллати тоҷик ҳеҷ кори хайру савоб накардааст. Кори кардаи онҳо танҳо ҷанги хунрезӣ, тўхмати иғвоангез то ба имрўз ба шумор меравад. Имрўз, ки мавқеи ТЭТ ҲНИ, ки суст гардида, дигар мавзўъи тўҳмату иғво намондааст, онҳо дар атрофи дастгиршавии Иззат Амон фарёд зада мехоҳанд, мавқеи коҳидаи худро бо ҳамин баҳона каме устувор гардонанд.  

Ба ғайр аз ин М.Кабирӣ бо баҳонаи ҳимоя кардани Иззат Амон мехоҳанд худро дар назди созмонҳои байналхалқӣ ҳамчун ҳимоякунандаи ҳуқуқи инсон нишон диҳанд ва сазовори кўмаки молиявии онҳо гардад.

Созмонҳои байналхалқӣ хуб медонанд, ки Иззат Амон, ки буд ва чӣ кор ба манфиати муҳоҷирон кардааст.

Агар дар хақиқат Иззат Амон чун ҳимоягари ҳақиқии ҳуқуқи муҳоҷирон корҳои неку манфиатовар карда бошад, ҳамон созмонҳои байналхалқӣ нисбати дастгиршавии И.Амон фикри худро баён мекарданд. Аммо тавре, маълум аст Иззат Амон аз ҳуқуқҳои худ истифода карда, муҳоҷирони меҳнатии дар Русия бударо бо ҳар роҳ фиреб дода, аз онҳо маблағҳои зиёд мегирифту, аммо ягон дархости онҳоро иҷро карда натавонист.

Бинобар ин М.Кабирӣ бо номи Исломиддин Содиров кўшиш карда истодааст, ки дўсту ҳаммаслаки худро химоя намуда, норозигии муҳоҷиронро ба вуҷуд оварад.

Бояд М.Кабирӣ хуб донд, ки дар назди қонун ҳама баробар барои кирдори нопоку ғаразнок касе набошад бояд ҷавоб гўяд.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиноси ДДҲБСТ

You might also like