Садоқату хиёнат созишнопазиранд

Абдуқодир Талбаков коршинос, рӯзноманигор,  таърихшинос, директори китобхонаи ба номи Лоҳутӣ  дар мақолаи худ «Кабирӣ аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ истихдом (вербовка) шудааст» қайд намудааст, ки Кабирӣ имон ва муқаддасот надорад. Ӯ як мақсад дорад – ҷоҳу ҷалол.

Ба хотири он ки дар курсии роҳбари ҳизб нишинад, аз баҳри ришу ҷомаю сала гузашт. Барои он ки ба ҳадафҳояш ноил шавад, дар парлумон курсӣ гирифт, вале чун ронда шуд ва ба Аврупо рафт – аз баҳри калимаи «ислом» дар номи ҳизб гузашт ва акнун Ҳизби наҳзатро ба таври худаш  Паймони миллӣ меномад».

Гуфтаҳои боло бори дигар тасдиқ менамоянд, ки мардуми хирадманду фозил ва сабури тоҷик имрӯзҳо низ  шоҳиди он мегарданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро, ки зери як «Паймон» аҳд бастаанд ва аз режими пешгирифтаи хеш, ки аз ваҳшоният ва поймол намудани ҳуқуқҳои фитрии инсон иборат аст, ҳоло ҳам даст кашиданӣ нестанд.

Тавре аз тариқи сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ дорем, ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш бо ташкили ҳамоишу гирдиҳамоиҳо ба амалҳои иғвоангезӣ ва мардумфиребонаи худ идома дода истодаанд.

Ташкилу роҳандозии чунин “тазоҳурот” аз ҷониби роҳбарону аъзои ТЭТ ҲНИ идомаи ҳамон равандест, ки онҳо дар солҳои аввали истиқлолият бо ин гуна ҳамоишу гирдиҳамоиҳо мардумро дар дохили кишвар ба бесарусомонӣ, бенизомӣ ва ҷангу ҷидол кашида, имрӯз ба ин кирдорҳои нангини худ дар хориҷи кишвар идома дода истодаанд.

Ин бадхоҳон мехоҳанд мардумро, махсусан ҷавонони моро фиреб дода, ба доми худ андозанд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар роҳу васила истифода менамоянд. Зеро пешаи онҳо чунин аст.

Хушбахтона мардуми шарифи тоҷик аз симои ҳақиқии ин ҳизби ба ном “исломӣ” ва дар асл ифротӣ ва амалҳои номатлуби он огоҳӣ пайдо намуд. Имрӯз ободиву пешрафти кишвари азизамон дар тамоми самтҳо ва сарҷамъиву муттаҳидии миллати тоҷик дар атрофи Пешвои миллат ба чашми онҳо мисли хор мехалад ва онҳо тавони дидани онро надоранд.

Чи тавре ки медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ доим таъкид мекунанд, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст.

Аз ин рӯ, бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ободиву осудагии ватани маҳбубамон насли ҷавонро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи иғвову дасисаҳои ифротгароёну тахрибкороне ба мисли аъзоёни ТЭТ ҲНИ нагарданд.

Ҳоло ТЭТ ҲНИ ягона роҳи зинда мондани худро дар фитнаву ғавғо медонад ва аз ин рӯ, роҳбарони он ҳатто зану кӯдаконашонро ҳам ҷалб карда, ҷо-ҷо садо мебароранд. Аз симои аслии ин гурӯҳи ифротӣ ҳамаи мардум огоҳ гаштанд ва ҳеҷ кас дигар ба ин гурӯҳи террористӣ бовар надоранд. Дар ин гурӯҳ як мушт қотил, хоин ва ватанфурӯш фаъолият мекунанд, ки ҳама кори худро тибқи нишондоди хоҷагони хориҷиашон иҷро мекунанд.

Раҳматова З.М.н.и.ҳ., дотсенти

кафедраи ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like