Қонун барои ҳама як аст!

Дар бисёр ҳолатҳо баъди мутоилаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернет афсӯс мехӯрам, ки дар ҷамъияти инсонӣ шахсоне, ҳастанд ҳама вақт халалдор ва рушди ин ё он кишварро чашми дидан надоранд.

Дар бораи миллату халқ ва навиштӣ Исломиддин Садиров дар сомонаи «Паём.нет» ба нашр расидааст хондам ва ба додаи ин шахс ангушти ҳайрат газидам. Мақсади нопоки инхел душманони миллат ва давлат буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ панҷ сол давом ёфт. Мақсади нопоки душманон буд, ки иқтисодиёти кишвар якчанд солҳо қафо монд. Чӣ қадар кӯдакон ятим, падару модарон бе фарзанд ва шаҳрвандон бе хонаву дар монданд.

Дар ҳақиқат шахси гунаҳкор дар назди қонун ҷавоб диҳад, бевосита аз он, ки ин шахс дар куҷо истиқомат мекунад.

Иззат Амон аз ҳамин шахсон, ки берун аз Ватан истиқомат мекунад ва бо роҳӣ фиреб ва қаллобӣ маблағҳои бо арақи ҷабин меҳнаткардаи муҳоҷиронро бо мақсадҳои нопокӣ худ истифода мебурдааст.

Иззат Амон бо роҳӣ дурӯғу найрангҳои нопокаш дар ФРМаркази тоҷиконташкил намудааст, ҳадаф аз он бо роҳи пардапӯшона барои аз худ кардани кӯмакҳои молии  муҳоҷирон равона карда шудааст. Ин марказ ба равияҳои ва ғояҳои ғайриқонунии ТЭТ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 равона карда шудааст.

  Мардуми азият кашидаи тоҷик аллакай рӯзҳои вазнинро паси сар кардааст ва барои ояндаи дурахшон танҳо бе меҳнати ҳалол ба пеш меравад. 

  Дар охир қайд намуданиам, ки мо набояд ба фикру мулоҳизаҳои душманони миллат диққат диҳем, балки ба сӯи ободиву созмонкорӣ ҳаракат намоем, яъне Тоҷикистон ба пеш.

Дадоматов Д.Н. – ни.и., дотсент, мудири

кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

 

   

 

 

 

You might also like