Ба гузашта назар бояд кард!

Имрӯз  ҷаҳони мутамаддин ҳам дар чанголи ҷаҳлу нодонӣ, бухлу ҳасад, ифродгароӣ, таассуби диниву ватанӣ, кинаву адоват ва худхоҳӣ қарор дорад, ҳам бузургтарин шонси таърихӣ барои саодати инсонӣ, дӯстиву муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва сӯ ба рӯи инсони комил дар пешорӯяш аст. Аҳли башари имрӯзаро ду роҳ дар пеш аст, ё дар ҷаҳли қадими хеш дармонда суқут мекунад, ё ақли дарроки худро чун роҳнамои зиндагӣ қарор дода, ба саодати баланд соҳиб мешавад. Мутаассифона ду ҷанги ҷаҳонӣ, бемориҳои ҳамагир ба мисли вируси испанка, коронавирус-19, бӯҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ба ҳуш наовард. Ҷангҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон, Арманистону Озарбойҷон, Украина ва ғайраҳо, ки боиси ҳалокати миллионҳо инсонҳо гаштаанд барои аксарияти аҳли олам дарс нашуданд. Боз мебинӣ, ки сиёсатмадорон аз ақлу хирад кор намегиранд ва бо оташ бозӣ мекунанд. Чун домани оташ фурӯзон шавад пеши онро гирифтан басо душвор аст.

Масъалаи марзии тоҷикону қирғизҳо низ яке аз масъалаҳои доғи рӯз аст. Оқил он аст, ки гузаштаашро ҳам донад ва фаромӯш накунад ва ояндаи хубтар созад ва дар умри кӯтоҳи худ зебо зиндагӣ кунад. Миллатдӯстиву ватанхоҳӣ  дар он нест, ки дигар халқу миллатҳоро паст заниву, таҳқиркуниву хоҳӣ, ки ба макони зисти онон соҳиб шавӣ.

Баромади роҳбари КДАМ Қирғизистон Қамчинбек Тошиевро шунавидам. Дар ҳақиқат ӯ дар баромади худ нисбати халқи тоҷик, кишвари тоҷик суханҳои ноҷо гуфт. Нисбати ҳамсоякишвар бо чунин лаҳн сухан гуфтани як мақомдор аз рӯи хирад нест. Мо ҳам метавонем гузаштаи халқи қирғизро рӯи варақ оварем, вале хиради тоҷикона, андешаи инсонпарварона, ки аз ниёгонамон гирифтаем ба суханҳои ноҷо гуфтан имконият намедиҳад.

Ворух сарзамини миллати тоҷик аст. Дар паси Ворух халқу миллате қарор дорад, ки бо силоҳи буррои сухану, ҳикмату, одамгариву инсондӯстӣ тамоми дунёро тасхир кардааст. Вале сиёсатмадорони қирғиз зӯргӯиву носипосиро пеша кардаанд. Бо ин роҳ намешавад муаммои марзиро ҳал намуд. Танҳо ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, гузашт кардан, забон аз таъну маломат боздоштан метавонад ин муаммои сарбастаро ҳал намояд.

Ашуров С.Х.дотсент, декани факултети

бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

You might also like