Нафси бад, балои ҷон!

Онҳое, ки ба муҳоҷират мераванд, сабабҳои гуногун дошта, яке барои беҳ намудани  шароити зиндагии худ ё барои пешбурди тиҷорат, дигаре аз рӯи ноилоҷӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ сафар мекунанд. Вақте ки бо азобу машаққати зиёд маблағе ҷамъ мекунанд ва бо як гурӯҳ муфтхӯрон, қаллобону номусулмонон рӯ ба рӯ мешаванд, Шумо тасаввур кунед, ки ба он ҷабрдидагон чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

Аз хабари АМИТ “Ховар” маълум шуд, ки Изат Амон, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба шаҳрвандии Россия соҳиб шуда будааст, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ронда шудааст. Оиди ин масъала ман чунин фикр дорам, ки ин қарор саривақтӣ буд. Агар чанд соли дигар Изат Амон дар Россия зиндагӣ мекард, чи қадар тоҷики дар Россия буда, аз қаллобию фиребгарии ӯ ҷабру ҷафо кашида, гушнаю ташна боз ба Тоҷикистон бармегашт. Бо роҳи фиреб  Иззат Амон чӣ қадар мардумро фиреб дода, ба ноумедиҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ кардааст,  кӣ медонад?

Вақте ки Иззат Амон бо роҳи фиреб ба шаҳрвандии Россия соҳиб шудааст, ки ба ӯ бовар мекунад? Ба кадом тоҷики корафтода, бо дили пок ва беғараз, Иззат Амон  чӣ ёрие расонида бошад, Худо медонад? Баръакс ӯ чандҳо нафарро фиребу найранг намуда, маблағашонро гирифтааст ин ҳам зери савол аст.

Мардӣ набувад, фитодаро пой задан,

Гар дастӣ, фитодае бигирӣ, мардӣ.

Замоне ки аз Россия ронда шуд ва барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ, нисбати Иззат Амон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд, дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар пойтахти ҷумҳурӣ аз тарафи мақомотҳои дахлдор дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд, ки ин ҳам як фоли нек аст. Агар ӯро саривақт дастгир намекарданд, ки медонад, ки ӯ боз ба кадом корҳои нохалаф даст мезад, бинобар ин ҳамаи мо ба мақомотҳои дахлдоре, ки ӯро боздошт намудаанд, бояд миннатдорӣ намоем.

Изат Амон  вақте, ки бо роҳҳои фиребу найранг, ки бо мақсади фоидаи муфте, ки ба даст овардааст, ки гӯё барои озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан аз маҳбас, ки бо гуноҳи машғул шудан бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия қарор дошт, аз бародари Шарипов Ҳасан- Шарипов Боймурод, ки сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мебошад, ҷамъулҷамъ ҳазор доллари америкоӣ ва чил ҳазор рубли русӣ талаб карда, гирифтааст ва ба манфиати рӯзгузаронии худ истифода бурдааст.

Канӣ ору номуси мардигарӣ?

Канӣ виҷдони поки инсонӣ?

Аз таҷрибаи рӯзгор маълум аст, ки шахс агар ба ягон ноомадӣ кор, рӯ ба рӯ шавад, дар ҳамон лаҳзаҳо ба дӯст, рафиқ, ё ягон шахси Худоҷӯ умеде мебандад. Бубинед, ки Шарипов Боймурод бо шахсе рӯ ба рӯ шуд, ки барои наҷоти додараш ба ҳама шарту найрангҳои рӯбоҳонаи Иззат Амон розӣ шуда, ба ӯ чӣ қадар маблағро ки хост, бароварда дода, оқибати корро ба чӣ анҷом ёфтанашро нафаҳмид .

Ман фикр мекунам, ки дар давоми чанд соле, кӣ Иззат Амон дар Россия буд, чӣ қадар тоҷикон ва чӣ қадар маблағи онҳоро бо роҳи фиребу найранг ба даст овардааст, кӣ медонад?

Онҳое, ки аз дасти Иззат Амон фиреб хӯрдаанд, шумораашон маълум нест. Вақте, ки мақомотҳои дахлдор “мӯйро аз хамир” ҷудо мекунанд, ҳамааш пас маълум мешавад.

Аз рӯи фаҳмишҳо ҳамчун сардори “Маркази тоҷикон” будани Иззат Амон ва ӯ ба кадом “корҳое” даст задааст, мақомот рӯи об мебароранд. Ин кору рафтори ношоистаи Иззат Амон, касро ба хашму ғазаб меоварад ва ба он ҷабрдидагоне, ки аз дасти ингуна нохалафон дар азоб мондаанд, раҳми кас меояд. Бинобар ин дар охир гуфтаниям, ки эй бародарони ҷабрдида рӯзе меояд, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад.

  Нурмаҳмадов Ю.Ш. – н.и.ф., дотсент,

муовини декан оид ба илми факултети

сиёсатшиносӣ ва МБ ДДҲБСТ

You might also like