Сӯистифода аз боварии мардум

Тайи 1015 соли охир Иззат Амон худро дар Русия ҳимоятгари муҳоҷирон эълон ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ худро ташвиқу тарғиб менамуд. Аҷиб аст, инсоне, ки то ҳол ғайр аз худ ва чанде аз пайвандонаш каси дигаре дар бораи фаъолият ва хизматаш ҳарфе ба забон намеорад, аз худ чунин шукӯҳу шаҳомат намоиш медиҳад. Маълум аст, ки “бо қанд гуфтан даҳон ширин намешавад”. Бо дурӯғ аз хизматҳои худ ном бурдан гумон аст, ки дар ҷомеа шахси шинохта шавӣ. Тавре маълум аст, айни замон дар Федератсияи Россия садҳо нафар аз шаҳрвадони мо  дар муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд ва метавон гуфт, ки аксари онҳо Изат Амонро намешиносанд.

То имрӯз маълум нест, ки Иззат Амон чӣ гуна барномаҳоеро барои хуб шудани вазъияти муҳоҷирон рӯйи даст кардааст. Зеро ғайр аз худаш нафари дигаре дар бораи онҳо маълумоте надорад.

Мақомоти Русия барои сохтакорӣ Иззат Амонро дастгир ва ӯро аз ҳаққи шаҳрванди маҳрум намуд. Солҳои пеш ин нафар дар шаҳри Москва барои ташкили як иттиҳодияи ҷиноятӣ ташаббус намуда буд ва хушбахтона барномаҳои тарҳрезинамудаи ӯ амалӣ нашуд. Аз суханрониҳояш маълум мешавад, ки ақидаҳои муҳоҷиронро бар зидди пешрафт ва рушди Тоҷикистони навинравона месозад. Чанд тан аз муҳоҷироне, ки ба ӯ пайравӣ мекунанд аз насл ва авлоди худаш буда, дар онҷо бештар ба пайвандони худаш кӯмак мерасонад.

Мо насли калонсол аз фиребигариҳои шахсони тасодуфӣ дар байни муҳоҷирон хуб огоҳ ҳастем. Оид ба найрангҳои ин қабил нафарон аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар саҳифаҳои иҷтимоии худ навишта буданд. Хушбахтона бояд ҳар як амалу рафтори Изат Амон ба тарозуи қонун баркашида шавад ва ҷинояткор ҷазои худро гирад. Бояд, ки ҳеҷнафаре аз зудбоварии муҳоҷирони мо истифодат накунад. Ҳангоми баамаломадани ҳолати ҳуқуқӣ муҳоҷирони меҳнатии мо пеш аз ҳама ба Сафоратхони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ва Консулгариҳои мо дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екетеринбург ва Уфа муроҷиат намоянд.

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария

ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like