Муҳоҷирон бояд эҳтиёткор бошанд!

Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо нафароне ёфт мешаванд, ки бефикру беиффатанд. Нодидаву нодониста бо ҳама гуна фардиятҳои ношинос дӯстиву ошноӣ меварзанд. Баҳри пайдо намудани музди ночизе ё дороиву сарвате ба корҳои ношоиста, аз кабили дуздӣ, мардумфиребӣ, бадмастиву кучагардӣ машғул мешаванд. Чун боре аз ин амал қути лоямуте ба даст оварданд, дигар ҳамарӯза паси анҷоми ҳамин гуна амалҳои носавоб даст мезананд. Иззат Амон аз қабили ин гуна афрод аст, ки таи 20 сол боз бо мардумфиребиву найранги машғул асту бо роҳи фиреб чандин муҳоҷиронро ғорат кардааст.

Чуноне, ки тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳи дорем фиребгар ва қаллоб Иззат Амон дастгир шуд. Мақомоти Русия шиносномаи  шаҳрвандии вайро бекор намуда, ба Тоҷикистон истирдод намуд.  Тайи чанд муддат ӯ дар кофтуков қарор дошт ва дар Тоҷикистон ӯро дастгир намуданд. Иззат Амон тайи даҳсолаҳост, ки шаҳрванди Русия асту бо муҳоҷирон сару кор дорад ва ба мардумфиребӣ машғул аст. Ӯ  сӯйистифода аз вазифа ба боварии муҳоҷирон ворид шуда бо ҳаргуна роҳҳо онҳоро фиреб дода маблағҳои зиёди онҳоро соҳиб шудааст.

Аз дастгиргардидани Изат Амон роҳбарият ва пайравони ТЭТ ҲНИ як намуд ҳангома ташкил намуда, аз худ як нафари ҳимоятгар месозанд. Аммо ҳимоятгарии наҳзатиён аз ин шаҳрванд беасос набуду, ТЭТ ҲНИ мехоҳад бо номи Изат Амон аз давлатҳои хоириҷӣ ва ташкилотҳои баналмилалӣ маблғҳои ҳангуфт бигирад ва азони худ кунад.

Чанд рӯз қабл писари Изат Амон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда аз ТЭТ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 даъат намуд, ки аз дастгиршудани падараш очко ва сиёсатбозӣ накунанд. Зеро қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ муайян мекунад, ки Изат Амон гунаҳкор аст ва ё на. Писари Изат Амон вазъӣ саломатии падарашро хуб арзёбӣ намуд.

Сайфуллоева М.А. – н.и.ф., дотсенти кафедраи

муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like