Амали нопоки Изат Амон ба мақсад нарасид!

Изат Амон худро дар Русия байни муҳоҷирони меҳнатии мо ҳамчун ҳуқуқшинос муаррифӣ намуда, изҳор менамуд, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя мекунад. Ӯ ба боварии муҳоҷирони тоҷик даромада кӯшиш мекард, ки онҳоро бештар ба худ ҷалб намояд. Ба муҳоҷирон сӯҳбатҳо баргузор карда қайд менамуд, ки онҳоро ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳоли худашон гузошта барои ҳимоя намудани ҳуқуқҳои онҳо ғамхорӣ зоҳир наменамояд. Бояд қайд намуд, ки Изат Амон ҳамеша ба муҳоҷирони тоҷик изҳор менамуд, ки тамоми мушкилиҳои онҳоро ҳал ӯ имкониятҳои зиёдеро дорад ва инчунин дар сохторҳои маъмурию ҳуқуқии Русия одамони бовариноку заруриро дорад.

Ба ҳамин роҳ ӯ бо муҳоҷирони меҳнатӣ наздик гардида ва кӯшиш менамояд, ки муносибати онҳоро ба манфиатҳои шахсии худ истифода барад. Изат Амон аз якчанд муҳоҷироне, ки ба баъзе ҷиноятҳо айбдор шуда буданд барои озод намуданашон маблағҳои калон гирифта, аммо мушкилоти онҳоро ҳал карда натавонистааст.

Изат Амон фаъолияти қаллобиро барои худ раво дониста кӯшиш мекард, ки барои худ пайсаҳои зиёд ҷамъоварӣ намояд. Бояд афзуд, ки Изат Амон дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳо аз фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва “Гурӯҳи 24” тарафдорӣ карда, ба муҳоҷирон хитоб карда онҳоро ба ин гурӯҳҳо далолат намудааст.

Ба ҳамин роҳи ифротии худ Изат Амон кӯшиш мекард, ки фаъолияти ифротгаронаи ҳизбу ҳаракатҳои қайдгардидаро сафед намуда, барои дастгирӣ намудани онҳо даъват менамуд. Изат Амон худро чун ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон муаррифӣ намуда, аммо дар асл чун қаллоби қонуну ҳуқуқ фаъолият менамуд.

Барои Изат Амон муҳим он буд, ки бозори қаллобию авомфиребонааш доимо гарм бошад, кисаи ӯ аз пайсаҳои бо роҳи фиреб ба даст омада зиёд гардад.

Ба чунин фаъолияти қаллобию фиребгаронаи худ Изат Амон мушкилоти муҳоҷиронро боз ҳам мушкил намуда онҳоро ба роҳи ҷинояту хиёнат равона менамуд.

Дар урфият мегӯянд, ки бори каҷ ба манзил нахоҳад расид. Фаъолияти қаллобию фиребгаронаи Изат Амон, ки сазовори маҳкум аст ба мақсад нарасид. Ӯ бо қарори суди шаҳри Москва аз Русия истирдод карда шуда, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои ҷиноятҳои кардаи худ дастгир гардид. Бояд Изат Амон ва ҳамингуна инсонҳо барои амалҳои зишту нопоки худ назди қонун ва суд ҷавоб дода, ба ҷазо гирифтор шаванд.

Муҳоҷирони меҳнатии мо дар хориҷа набояд ба ҳаргуна инсонҳои тасодуфӣ бовар карда, маблағҳои худро диҳанд. Дар ҳолати ба амал омадани зарурият ба сафоратхонаву консулгариҳои мо дар хориҷа муроҷиат намуда, ба таври расмӣ ва қонунӣ ҳуқуқи худро ҳимоят кунанд. Ба шахсони фиребгару қаллоб боварӣ накунанд.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like