Ислоҳ.нет аввал наҳзатро ислоҳ кунад

Вақтҳои охир дар расонаҳои гуногуни наҳзатӣ ба мисоли “Ислоҳ.нет”   навиштаҷотҳои  бисёр интишор шуда истодааст, ки мақсад аз он  халадор расонидан ба ҳаёти осоиштаи мардум аст. Яке аз онҳо мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддин аст.

Муҳамадиқболи Садриддин ту он хизматҳои арзандаи Пешвои миллатро ба назари хоинонаи худ манигар ва онро бо фаҳмиши аблаҳонаи худ  тавсиф накун ин кўшиши беҳуда аст. Пешвои миллат давоми фаъолияти пурсамари худ бисёр хизматҳоеро ба анҷом расонидаанд, ки бо гуфтану навиштан ба интиҳо расонида намешавад мо танҳо якчандтои онҳоро мисол меоварем: Бо мақсади гуфтугузори сулҳи Тоҷикистон баҳри Ватани азиз дар Афғонистони ҷангзада аз баҳри ҷони ҷавони худ баромада дар зери тиру туфанг рафтанро на туву на ҳаммаслаконат метавонанд, аммо инро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  карда тавонистанд.

Дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои олии мамлакат аввалин тасмиме, ки раиси тозаинтихоб гирифтанд, ин баргардонидани гурезагон аз Афғонистон буд. Дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буданд “То он даме, ки охирин гурезаро аз Афғонистон ба Ватан барнагардонам, ман осуда буда наметавонам” – ин шиори хушку холӣ набуд. Дар  ҳақиқат тамоми ҳастиашонро барои баргардонидани ҳамаи гурезаҳо бахшиданд

Зимини муроҷиати худ ба мардуми кишвар Пешвои миллат ҳанӯз дар ибтидои соли 1993 чунин гуфта буданд: «Шумо ҳамватанони азиз, бозгардед. Хонаву ҷойи шумо агар ба шумо насиб накунад, ба каси дигар насиб намекунад. Ман ба шумо қӯҳи тилло ваъда намедиҳам. Вале як бурда ноне, ки дорем бо ҳам мебинем».

Иброҳим Усмонов таърихнигор дар ёддоштҳои худ менависад, ки «одамон гурӯҳ-гурӯҳ, даҳ-даҳ, сад-сад ба Ватан бармегаштанд». Танҳо дар давоми соли аввали фаъолият аз тариқи барномаи “Хоки Ватан” 30 000 мактуби гурезагон ва 20 000 мактуби сокинони Тоҷикистон ба хешу табори худ, ки бо амри тақдир дар ғурбат қарор доштанд, қироат гардид.

Имрўз  ТЭТ ҲНИ  кўшиш мекунад худро як тарафдори сулҳ нишон диҳад ва ба ин васила воқеияти таърихиро ба манфиати худ таҳрир созад. Аммо хушбахтона хотираи таърихии миллати точик қавӣ аст. Ҳама медонанд, ки як ҷониби сулҳ ИНОТ буд на ТЭТ ҲНИ.

Рохбарият ва аъзоёни фаъоли ин хизб қахрамони филмхои ғайриахлоқӣ ва намунаи амалҳои ғайриинсонӣ гаштаанд, вале эшон шарм надошта хамвора худро доҳии ақидахои исломи муаррифӣ мекунанд. Аз ҷумла садои суҳбати телефонии Кабирӣ бо зани сеюм ва чорумаш мисоли зандае аст, ки худи ӯ иқрор шуд, ки нафс дораду се-чор зан мегирад.

Муҳиддинов М. – н.и.б., дотсенти

кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like