Ба ҳуқуқшиносони тасодуфӣ набояд бовар кард

Изат Амон (Холов Изатулло Амонович) бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Россия, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз Федератсияи Россия ронда шуд. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии мамлакат барои ҷинояти қаллобии худ боздошт гардид.

Тибқи иттилоъ Изат Амон, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд. Номбурда дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт ва баъди истирдоди ӯ аз Россия дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Бояд зикр намуд, ки Изат Амон дар Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулӣ гирифта, аз худ кардааст. Вале кори онҳоро ҳалл накарда, ба яғмо бурдааст.

Ба иттилоои расмӣ аз ҷони ВКД ҶТ Изат Амон бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Федератсияи Россия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда мегирад. Худи ӯ Изат Амон ҳамчун ҳуқуқшинос дар ҳаракатҳои тафтишотӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон кор анҷом надодааст ва кӯмаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст.

Мувофиқи нишондоди ҷабрдидагон — Изат Амон ба боварии даҳҳо нафар корафтодагон даромада, бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулӣ гирифта, аз худ намудааст. Дар ҳақиқат дар хориҷи мамлакат бархе аз муҳоҷирони мо аз надонистани ҳуқуқҳои худ ба ҳаргуна инсонҳои тасодуфӣ бовар карда, мавриди фиреб қарор мегиранд.

Акмалова М.А.-д.и.с., декани факултети сиёсатшиносӣ

ва муносибатҳои байнахалқии ДДҲБСТ

You might also like