Ворух марзи нангу номуси миллист!

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1929 ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравии  Сотсиалистӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ ташкил гардид ва ҳудуд ва марзи худро соҳиб гашт. Сарҳад ва  қаламрави ҶШС Тоҷикистон бо Қарори ИҶШС ва ҳуҷҷатҳои лозимаи демаркатсионӣ ва делимитатсионӣ асоснок ва муайян карда шуда буданд.

Мавриди тазаккур аст, ки даъвоҳои беасоси Ҷумҳурии Қирғизистон  дар масъалаи гирифтану соҳиб гаштани маҳалли Ворухи Тоҷикистон, ки ҳамчун анклав дар минтақаи Қирғизистон қарор дорад, мо аҳолии Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Ҳар як ваҷаби сарзамини ватани маҳбубамон азизу мўътабар буда, мо ин даъворо қотеона маҳкум менамоем. Ворух марзи нангу номус ва ватандориву меҳанпарастист. Ватандорӣ аз ҳимояи ҳар як ваҷаби хоку замин ибтидо гирифта, бо дўст доштану ободу зебо намудани он таҳким меёбад, рушд мекунад. Ватандории мо тоҷикон аз қадим ба оламиён маълум мебошад.

Аз Қаюмарси Пешдодиву Сосониёни шуҷоъ сар карда, то Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ҳама соҳибмулку соҳибмеҳан, ватандору фидоӣ буданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ тоҷикон ҳамчун миллати кўҳанбунёду ориённажод исботи раднопазири худро ёфтааст, ки наметавонад ҳар як касу нокас даъвои марзу буми Тоҷикистонро намояд. Қаҳрамониву ҷасорату далерии мардони шуҷои тоҷикон Коваи оҳангару Спитамон, Томирису Мониву Маздак, сарбадорону Восеъ, Айниву Бобоҷон Ғафуров ба олам машҳур буда, дар ҳар давру замон ҳар як ваҷаби марзу буми Ватани маҳбумамонро ҳифз карда омадаанд. Ҷавоби мо ба даъвогарони Қирғизистон ва махсусан роҳбарияти КДАМ он генерали таърихдон Тешаев қотеона  садо медиҳад:

Ҳама сар ба сар ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки хоки кишвар ба душман диҳем!

Мавриди гуфтанист, ки доир ба масъалаи сарҳади давлатӣ ТЭТ  ҲНИ мавқеи хоинона ва душманонаро ишғол намуда, навори 2 сол қаблии роҳбари  Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчинбек Тошиевро дар бораи Лахшу Мурғоб нашр карда, амалан тарғибгари ҷониби қирғиз гашт. Тарғиботчиёни Кабирӣ  барои амалӣ сохтани манфиатҳои ғаразноки худашон ва пуштибонашон баҳсҳои сарҳадии Тоҷикистону  Қирғизистони ҳамсояро ба миён гузошта, ҷанг меандозанду тамошо мекунанд.

Аз сабаби оне ки Муҳаммадиқболи Садриддин шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, аз ин рў  дар баҳсҳои сарҳадӣ мавқеи Қиғизистонро ҷонибдорӣ менамояд. Пас, шумо назҳатиҳо чӣ тавр даъвои ватандорӣ мекунед?  Ҳайфи шумо, назҳатиҳои бесаводу бевиҷдон,  ки аз ҷуғрофияи минтақа хабар надоред. Тавҳину таҳқири давлат доир ба масъалаи сарҳади давлатӣ ба он шабоҳат дорад, ки назҳатиҳо бе чуну чаро дар набардҳо дарвозаҳои кишварро ба сўи душманон мекушоянду ватанфурўшӣ мекунанд.

Аз даҳони шоира Фарзона ба ин турфа ватанфурӯшони наҳзатӣ гуфтанием:

Ливоафрўзи фарҳанги Ватан бош,

Навоафрози оҳанги Ватан бош!

 Ёқубов Ҷ.К. – н.и.с., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like