Масҷид хонаи Худост, на ин ки хонаи наҳзат

Дар ҳар мамлакат рушди идеалҳои давлатдории демократӣ ва принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба махсусияти ватанӣ такя карда, аз шароитҳои ташаккулёфтаи таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, хусусиятҳои шуур ва мавқеи фаъолонаи аҳолӣ вобаста аст. Баъди эълон шудани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои худро ба сохтани давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ равона намуд. Тоҷикистони ҳозираи соҳибистиқлол ояндаи худ ва тақдири шаҳрвандони хешро дар давлати пуриқтидори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ва ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ мебинад, ки дар ташаккули онҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бояд нақши махсус бозад. Он асосҳои ҳуқуқиро гузошта, дурнамои рушди ҷамъиятӣ ва барқарории давлатдории замони ҳозираро муайян намуд. Тибқи моддаи 17-и Конститутсия давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Дар Тоҷикистон имрӯза васоити мустақили ахбори омма, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, сохторҳои ҷамъиятӣ фаъолона рушд мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешои миллат баҳри пешравии кишвар дар сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд, ки ба ин пешвоёни сиёсии кишварҳои олам баҳои бузург медиҳанд.

Мақсад ва фаъолияти роҳбарияти кишвар ин маҳз баланд намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар  паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷода дар тамоми суханрониҳо ва Паёмҳои Пешвои миллат мунтазам зикр карда мешавад. Новобаста аз мушкилоте, ки бемории сироятии коронавирус ба пеш овард дар кишвари маҳбубамон пешравиҳои назаррас дар тамоми самтҳо дида мешаванд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ ,  Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз коронавирус аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд. Аз 1-уми феврали соли 2021 дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шуданд. Дар қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, ки АМИТ “Ховар” нашр кардааст, гуфта мешавад: бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус- COVID-19 аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шавад;

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешаванд, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Ҳамин тавр дар Тоҷикистон имрӯз  дар тамоми самтҳо корҳо ва ҷанбаҳои созандагӣ бо вусъат пеш рафта истодаанд. Тамоми аҳли кишварро зарур аст, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгард Истиқлолияти давлатӣ саҳми худро барои боз ҳам пешравии кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат гузоранд.

Ақида ва суханони бемантиқи намояндагони ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳоро бо вокунишҳои қатъӣ зери по намоянд. Бояд, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати кишварро имрӯз чун гавҳараки чашм ҳифз намуд.

Олимов Б.Ҳ. – н.и.т., дотсент, мудири

кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like