Як ваҷаб хоки Ворух ба касе дода намешавад

Замин боигарии ҳар қавму миллат аст, онро набояд фурўхт ё ба гарав монд. Дар ин радиф мавқеи Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи гирифтани деҳаи овозадори Ворух ягон асоси таърихӣ надорад ва надошт. Ба ин деҳа якчанд маротиба сафар намудаам ва онҷо мардуми меҳмоннавози тоҷикона доранд.

Мардуми ин деҳа хеле меҳнатдўст буда, олимону шоирони зиёде он ҷо ба воя расиданд. Аммо, даъвои додани ин деҳа ба ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон ҳеҷ асосе надорад ва ҳеҷ нафари соҳибақл ба ин роҳ нахоҳад рафт.

Ворух қисми бузурги шаҳри Исфара ҳаст, буд ва мемонад.Ҷудо будани деҳа аз деҳаи Чоркўҳ маънои онро надорад, ки он ҳудуди Қирғизистон аст. Ҳар як шаҳрванди баору номуси зиёда аз 265 000 нафараи шаҳри Исфара ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намедиҳанд, зеро «як ваҷаб хоки сарзамини тоҷикон ба касе дода намешавад».

Мавқеи ТЭТ ҲНИ ва Муҳаммадиқболи Садриддин оид ба масоили сарҳад хоинона аст ва бо ҳар роҳ  ҳар чӣ зиёдтар мехоҳанд вазъиятро муташанниҷ гардонанд, чунки саводи зарурӣ доир ба таъриху ташкили давлат надоранд. Ба КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон расониданием, ки таърих гувоҳ аст ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон вилоят набуд ва Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1924) буд. Ба чунин таърихшиносон нафрати кас меояд. Он навиштаҷот, ки дар сомонаҳои иҷтимоии мухталиф ҷой дорад, беасос аст ва асоси таърихӣ надорад. Бо ин амали худ, яъне 12000 га диҳанд, мо 12000 га медиҳеми Ҷумҳурии Қирғизистон зиддиятҳои сарҳадиро боз ҳам тезу тунд намуда истодааст.

Мардуми Тоҷикистон бо Қирғизистон махсусан дар минтақаҳои Конибодому Бобоҷон Ғафуров хеле дўстона зиндагӣ намуда истода буданд ва ҳоло чунин амалҳои нопок вазъиятро ноором мегардонад.

Аз ин рў, ба роҳбари КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон таърихдони бисёр нодон ҷаноби Тошиев гўшрас намуданием, ки таърихро дуруст азхудкунанд. Тамаддуни тоҷикон таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва суханро дониста гўяд:

Сухандонон, сухан бо парда гўед,

Ба рўи ҳамдигар санҷида гўед.

Муҳиддинов М. – н.и.б., дотсенти

кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like