Қаллоб ба даст афтод!

Тибқи иттилои расмии ВКД Иззат Амон, ки вайро худро ҳамчун яке аз фаъолони иҷтимоӣ дар Русия ва ба ном «ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон» муаррифӣ мекард дастгир гардидааст. Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон будан масъулият бениҳоят баландро тақозо дорад. Лекин Иззат Амон зимни фаъолияти ҳомигии худ амалҳои қаллобиро пеша намуда, аз даҳҳо нафар муҳоҷирон бо роҳи фиреб маблағ ситонидааст. Магар ин амалҳо ба мақому манзалати шахсе, ки худро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мепиндорад, муносиб аст?

Иззат Амон, ки худ хатмкардаи Академияи дипломатии Русия будаасту соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқ аст, мебоист қабл аз ҳама ҳамчун донандаи ҳуқуқ аввалан, қоидаҳои бурду бош дар Федератсияи Русияро риоя мекард. Ба шахсе, ки бо муомилоти ғайриқонунии нашъадор машғул шудааст, ваъда намедод, ки аз маҳбас озод мекунам ва маблағи пулӣ талаб намекард.

Иззат Амон шахсе будааст, ки фаъоли иҷтимоӣ асту бо ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон машғул аст, ҳимояи ҳар як шаҳрванди фаъоли Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, Шахсе, ки худро зодаи Тоҷикистон меҳисобад, ба ҳамватанони худ, ки дар қаламрави дигар давлат қарор доранд, чунин амалҳоро раво намедид, аз мушкилиҳои онҳо, ки бархеашон дар ҳақиқат қонунро риоя накардаанд, дидаву дониста сӯистеъмол намекарду бо сарватғундорӣ машғул намешуд.

Мутаасифона муҳоҷирони тоҷикистоние, ки ба ягон мушкилӣ дучор мешаванд, бо умеди ҳалли муаммоҳо ба Иззат Амон муроҷиат кардаанд. Лекин, Иззат Амон нисбати расонидани кӯмак ба онҳо ягон кор анҷом надодааст. Номбурда бояд ҳамчун донандаи ҳуқуқ, махсусан қонунгузории Федератсияи Русия тибқи рисолати худ ба онҳо машваратҳои ҳуқуқӣ медод, ба онҳо қоидаҳои бурду бош дар Федератсияи Русиро мефаҳмонд, даъват ба амал меовард, ки обрӯву нуфузи Тоҷикистонро паст назананд.

Лек  бо ин амалҳои қаллобӣ, фиребгарӣ даст задан ба ҷиноят қабл аз ҳама шахсан ба худи «ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон» доғ овард.

Имрӯзҳо кам нестанд нафароне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсия Русия қарор доранд, алалхусус ҷавонон. Ман аз онҳо хоҳиш мекардам, ки ҷангоми дучор шудан ба ин ҳолатҳо ба ҳама гуна шахсони тасодуфӣ муроҷиат накунанд. Дар ин самт худи давлат ташкилотҳои расмиро, аз қабили сафоратхонаву консулгариҳои дипломатӣ созмон додааст, ки бо чунин масъалаҳо машғуланд.

Саидҷонов С. – сармуаллими кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like