Дар қазияи сарҳадӣ ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ ҷониби Қирғизистон

Мутобиқи моддаи 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир аст. Дар замони муосир давлатҳои гуногун бо баҳонаи таърихан таааллуқ доштани ҳудуд ба онҳо даъвои кашида гирифтани онро мекунанд. Дар тақсимоти миллӣ ҳудудии соли 1924 тақдири ҳамаи кишварҳои аъзои ИҶШС ҳал гардида буд. Имрӯз даъвои Қирғизистон оид ба тааллуқ доштани Лахшу Мурғоб ва Ворух ба онҳо пуч ва беасос мебошад.

Ба миён омадани баҳси навбатии марбут ба Ворух ва масъалаи анклав будан, пешниҳоди иваз намудан бори дигар ин нуктаро равшан месозад, ки ҷониби Қирғизистон бо таассуф ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихи чандинҳазорсола фурӯгузорӣ мекунанд ва намехоҳанд, онро, ки дар саҳифаҳои китобҳои бузурги таърихӣ сабт шудаву ҳатто донишмандону ҷаҳонгардони хориҷӣ эътироф намудаву бар пояи он осори фаровони илмӣ, таърихномаҳо нигоштаанд, қабул намоянд. Ҳамин сарусадо, ки ахиран дар муносибат ба Ворух баён гардид, бори дигар водор сохт, ки матолибе дар асоси навиштаҳои донишмандони хориҷӣ чоп намоем, ки ҳамагӣ ҳақиқати таърихии яке сарзамини кӯҳани Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунад.

Дар матбуоти даврии Қирғизистон ва расонаҳои электронии он имрӯз сару садоҳое ҳам ҷой доранд, ки деҳаи Ворухро анклав меҳисобанд ва онро дар гузашта марзи ин кишвар меҳисобанд. Дар асл ин як даъвои беасос аст. Аз тарафи дигар, ин иддао таҳрифи рӯйрости таърих аст, чун садҳо далелҳои таърихӣ ҷой доранд, ки ҳатто дар аҳди қадим Ворух як вилояти бузурги тоҷикнишин буда, ки дар тобеияти он навоҳии зиёде қарор гирифта, ки аз ҷумлаи онҳо Суху Ҳушёриву минтақаҳо будааст. Аз ин рӯ, ба ҳақиқати таърих бо даъвоҳои беасос наметавон хати бутлон кашид. Ба ин мавзӯъ, набояд аз дидгоҳҳои харитаҳои сохтаи замони Шуравӣ ё даъвоҳои беасоси гуруҳҳои манфиатхоҳ, балки тавассути матолиби сарчашмаҳои куҳани таърихӣ, забону гуфтори мардум ва номҳои ҷуғрофӣ назар афканда, баъдан сухан кард, зеро суханро дар ҳама маврид санҷида ва бар асос далелҳои муҳками таърихӣ бояд.

Ворух мояи нангу номуси тоҷикон аст ва агар мо як километри квадратии заминамонро ҳам бадавлати бегона диҳем, гузаштагони мо ин гуна амали моро намебахшанд.

ТЭТ ҲНИ, Паймони миллии Тоҷикистон ва аъзоёни ин гуна ташкилотҳои шармандавор ҳамчун пешина хоинии худро давом дода истодаанд. Ингуна зархаридони наҳзатӣ мавқеи расмии Ҷумҳурии Қирғизистонро дар масаъалаи сарҳади давлатӣ дастгирӣ намуда истодаанд, ки тааҷҷубовар аст. Зеро сомонаи “Паём.нет” навори 2 сол қаблинаи роҳбари хадамоти низомии Қирғизистон Қамчибек Тошиевро нишон дода, хостанд дар ҷомеа як низои навбатиро зуҳур гардонанд.

Баъди мутолиа ва тамошои баромадҳои хоинони наҳзатӣ оиди масъалаи марзӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳамаи онҳо зархаридон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Аъзоёни бесаводи ТЭТ ҲНИ доимо омодаи дастгирии душманони миллати тоҷик ҳастанд ва агар охиринҳо чизеро аз онҳо бипурсанд бароварда аз ватанашон медиҳанд, на танҳо сарҳад, балки зану модари худро низ бароварда ба фурӯш медиҳанд ва ё  ба ягон хасу хошоки қирғизӣ иваз мекунанд.

Рауфов М.М.ассистенти кафедраи назария

ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like