Паймони миллӣ созмони одамсурату морсиришт

Тоҷикистон аз ҳамватанони одамсурату каждумпешаю морсиришт орӣ нест, миллати кӯханбунёди мо дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияти хеш, на аз дасти аҷнабиёни хунхору ғоратгар, балки аз дасти ҳамин душманони худию дохилӣ дучори бадбахтиҳо гардид. Аз ибтидои солҳои 90-уми садаи ХХ оғоз карда, то ба имрӯз зимоми чунин амалҳои тахрибкоронаю ғайриинсониро аламбардорони онҳо, роҳбарони ТЭТ ҲНИ ба даст гирифтаанд. Аз рӯзе, ки онҳо ба иҷроиши нақшаҳо ва ҳадафҳои нопоку душманонаи хеш оғоз карданд, ҳамагон гуфтанду мегӯянду, ки тамоми фаъолияти ин гурӯҳи ҷинояткор бар муқобили арзишҳои миллии Тоҷикистон равона гардида, душмани ашадии меҳану миллати мо маҳсуб меёбанд.

Аҷиб ин аст, ки ҳамин хоинону душманон, яъне террористони наҳзатӣ ҳам, имрӯз ба хасаконе табдил ёфтаанд, ки дар бораи ватан, ватандӯстӣ, ватандорӣ ҳарф мезананд. Аммо ин гуфторашон ба кирдорашон ҳеҷ мутобиқ накарда, дар ин мавзӯъ сухан кардан бояд барояшон боиси шарму нороҳатӣ бошад. Вале онҳо, ки бешарафу беномус ва пастфитрату тангназаранд, бешармона аз забон ин гуна ҳарфҳо мебароранд. Чунки шахсеро ватандору ватандӯст гуфтан мумкин аст, ки натиҷаи фаъолияташ, натиҷаи ҳар амалаш ба миллату меҳан манфиат орад. Манфиати меҳану миллатро аз манфиатҳои кӯчаки шахсию гурӯҳӣ болою воло донад ва фидоии ватан бошад. Ҳатто, ҳар шахсе, ки дар ҷойи кораш хубу самаранок меҳнат мекунад, дасту дили пок дорад, фарзандони солеҳу меҳнатқарин тарбия менамояд, бешубҳа ватанашро дӯст медорад ва фарзанди асили миллат аст. Миллатдӯстию ватанхоҳӣ амали манфиатовар, меҳнати ҳалолу самаранок баҳри ояндаи ин сарзамини аҷдодист.

Аз ин амалҳои дар боло зикргардида, кӯчактарин амалу рафтореро дар фаъолияти террористону экстремистони наҳзатӣ дидан амри маҳол аст. Аз ин рӯ, онҳо ҳеҷ гоҳ ватанхоҳу миллатдӯст набуданду нестанд ва баръакс душманону бадхоҳон ва хоинону бадандешони марзу бум буданду ҳастанд.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ҷиноятию фиребгар ва найрангбозе, чун ТЭТ ҲНИ барои ба даст овардани ақли мардум, хусусан ҷавонон, баҳри ба арсаи ҷангу мубориза табдил додан ва ноиттифоқӣ паҳн кардан миёни мардум, пайваста ҷаҳду талош мекунанд. Дар ин шаке нест, ки роҳбарону намояндагони ТТЭ ҲНИ бар зидди арзишҳои миллату меҳани мо душманӣ мекунанд. Ҳамагон хеле хуб медонанд, ки онҳо ба хотири пулу моли ночиз ҳайсият, шахсият, қадр, қимат ва номуси инсонии хешро осон фурӯхта, ба бешарафтарин, беномустарин, пасттарин ва разилтарин фард табдил ёфтаанд. То ба сатҳе худро пеши хоҷагони хориҷиашон паст задаанду пеши пойи онҳо афтодаанд, ки ба як шайъи нолозиму нодаркор ва иштибоҳу ифлосгарди ҷамъияту табиат табдил ёфтаанд.

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи

 ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like