Беномусӣ ин бешарафист

Боиси тассауф аст, ки замонҳои охир аз ҷониби хоинони миллат алалхусус сомонаҳои “Паём.нет” ҳамчунин мудири он Муҳаммадиқболӣ   Садриддин ва ҳаммаслакону дастандаркоронаш ба монанди Сайидюнуси Истаравшанӣ ва ба ҳамин монанд фурӯхташудагони зархарид доранд аз берун истода ба ҳар роҳу васоит авзои орому осудаи моро вайрону валангор намуда истодаанд.

Хуб, агар возеҳу равшантар нигарем,  ин хизматгорони хоҷагонӣ хориҷӣ хоса бо роҳҳои фиребу найранг, гумроҳ намудани мардум, даъватҳои оммавӣ ба тазоҳуроту нооромӣ, сафед кардани амалҳои экстремистию террористӣ, бадном намудани Президенти кишвари азизамон ва бо роҳи овардани ҳар гуна мисолу масъалаҳои беасос ҳукумати кишварро тӯҳмату бӯҳтонҳои беохир намуда истодаанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар шабакаи телевизионии якуми кишвар нашри 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” намоиш дода шуд, ки дарбаргирандаи кирдорҳои нопоки Муҳаммадиқболи Садриддин ва падари ӯ, ҳамчунин шарҳи шоҳидони ҳол аз ҳар манотиқи кишвар ва ҳатто бархе аз шаҳрвандони ҳамсоякишвари мо Афғонистон низ ба назар мерасид, лекин новобаста аз ин ҳама далелу нишондодҳо, хоинон боз ҳам ба гуноҳи худ иқрор нашуда гаштаю баргашта беномусона теша дар решаи худ зада халқу миллати шарифи моро аз роҳ бероҳ ва туҳмату буҳтонҳои беасоси худро ҷиҳати ба по хезондани халқ кушишу талош намуда истодаанд.

Албатта, онҳо намедонанд, ки халқи азизи мо алакай дар хоби ғафлат нест ва хеле хуб кирдорҳои пасту разилонаи онҳоро дарк намуда истодааст, мо ҳама шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ будем ва хуб медонем, ки дасти инҳо дар оғози он дида мешавад ва ҳаргиз халқи мо ба ин ҳама суханони онҳо бовар накарда дуюмбора даст ба тазоҳуротҳо намезанад. Мо ҳама шукргузор аз рузҳою солҳои оромӣ, сулҳу суббот, ваҳдати миллию ҳамдигарфаҳмӣ ҳастем ва дигар нахоҳем гузошт, ки чунин хоинони миллат аз дасти мо чунин неъмати бебаҳоро кашида гиранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар барқароркунии анаҳамин сулҳу суббот, баргардондани гурезаҳо ба ватан аз ҳар давлатҳои ҳамсоя, ҷоннисориҳои беназири Президенти азизи мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши назаррас доранд, вале муассифона он хоинони миллат дар мақолаи охирини худ оиди филми “Бешарафӣ”  Пешвои азизи моро туҳмату дасисаи беасос ва таҳқир намуда бесавод хонда истодаанд.

Биёед худ мустақилона қазоват намоем, агар Президенти мо бесавод буданд, пас чаро мамлакати мо пас аз он гуна даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кутоҳтарин муддат ба гул-гулшукуфоӣ оғоз кард? Агар Президенти мо бесавод буданд, пас чаро дар арсаи байналмиллалии СММ баромадҳои пурмуҳтавою созанда намуда, муаррифгари стратегияҳои бузурги рушду ҳамкорӣ, диққати тамоми ҷаҳонро фарогир шуду ҳама моро ҳамчун як давлати хушбахт бо чунин роҳбари ташаббускору бамаърифат хонданд ва эътирофамон намуданд? Агар Президенти мо бесавод буданд, пас аз куҷо он ҳама асарҳои беназири эшон ба монанди “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Дар уфуқҳои истиқлол” ва ба ҳамин монанд хеле нашриётҳои пурмаъниву пурмазмун ба табъ мерасонданд? Аз ин бар меояд, ки агар аз нуқтаи назари мантиқ баҳодиҳӣ намоем, ҳама суханони таҳқиркунандаю туҳматомези хоинон беасос ба шумор мераванд.

Дар охир онро гуфтани ҳастем, ки мо бояд ҳаматарафа луқмапартоиҳои хоинонаю беасоси онҳоро маҳкум намуда зиракии сиёсиву худогоҳии миллиамонро тақвият бахшем, фазои иттилоотиямонро аз ҳамлаи чунин разилони зархарид эмин нигоҳ дорем, ҷавонону наврасони кишварамонро дар руҳияи ватанпарсатӣ тарбия намуда, оянда кӯшиш ба харҷ диҳем ки чунин шахсон неъматҳои муқаддасро чун оромиву осоиштагиамонро аз мо бенасиб нагардонанд.

Азимов А.Ҷ. – н.и.к., дотсенти кафедраи

маркетингагробизнеси ДДҲБСТ

You might also like