Кабирӣ барои ҷиноятҳояш ҷазо гирад

Роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ғоибона маҳкум карда шуд. Дар ин бора санаи 8 феврали соли 2021 Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар кард.

Шоҳиён таъкид кард, ки таҳқиқи парвандаи зидди Кабирӣ пушида сурат гирифт. Дар айни ҳол, бинобар махфӣ будани маводи парванда ифшои маълумот манъ аст.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2018 Суди Олии Тоҷикистон дар бораи баррасии парвандаи раҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҳизби наҳзат  Муҳиддин Кабирӣ ба таври ғоибона ва бо реҷаи пӯшида изҳор карда буд. Вай тибқи талаботи меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла куштор, дуздии силоҳ ва дастгоҳҳои тарканда, шӯриши мусаллаҳона, даъватҳои оммавӣ ба зӯроварӣ ва зӯран ғасб намудани ҳокимият айбдор карда мешавад.

Раиси ТЭТ ҲНИ  фавран пас аз интихоботи парлумонӣ моҳи марти соли 2015 Тоҷикистонро тарк кард. Вай дар яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо маскан гирифтааст. Тирамоҳи ҳамон сол мақомоти ҷумҳурӣ ҲНИ-ро созмони террористӣ ва экстремистӣ эътироф намуданд ва фаъолияти онро дар кишвар манъ карданд.

Дар асоси принсипи ногузирии ҷазо, ки яке аз принсипҳои асосии қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ҳар шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, бояд таҳти ҷазо қарор гирад ё нисбати ӯ чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятии пешбинишуда татбиқ гардад Шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қатьи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молу мулкиӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Бинобар назардошти талаботҳои принсипу меъёрҳои қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ барои ҳамаи кирдорҳои содирнамудааш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Латипов С.У.ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like