Ном дигару амал ҳамон аст

Наздик се сол қабл ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзат (созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ бо қарори Суди олии мамлакат) баҳри расидан ба нақшаҳои нопоки худ дар мавриди таъсис додани ташкилоти наве, ки дар он номи исломро хат зада, бо номи  арзишҳои демократӣ фаъолиятеро оғоз карданд. Созмони таъсиснамудаи онҳо Паймони миллӣ ном гузоштанд. Барои намоиш додани созмони кӯчаки худ ин худобехабарон солгарди созмони хешро “бодабдаба” қайд намуданд. Лек аз расму навор баръало намудор буд, ки дар толор ҳама аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва размандагони онҳо буд. Баъди тамошои навори “дурӯғини онҳо” кас ба ҳайрат меояд, ки наҳзатиён номи ҳизби худро дигар кардаанду бас. ТЭТ ҲНИ ба Паймони ба ном миллӣ табдил дода шуд. Дар урфият мо тоҷикон онҳоро “хар ҳамун асту туқӯм дигар” меномем. Дар ҳақиқат ҳам ҳамингунааст. Баромаду маводҳои ҷопнамудаи онҳо ранги мавъизаҳои руҳониёни ифротии наҳзатӣ аст, ки акнун ба ҷои сухани дину ислом, танҳо ва танҳо аз демократияву озодӣ ва инқилобу маҳбусони сиёсӣ гап мезананд.

Ҳадафи таъсиси ташкилоти мазкур ҳанӯз орзу ва пешниҳоди Кабирӣ буд. Ва ӯ бештар хостори таъсиси чунин ташкилот гардида буд ва ҳатто дар қалби нопокаш пинҳонӣ орзуи роҳбари ин ташкилоти навтаъсис ва лидери хоинон дар хориҷ шудан парварида буд. Бо ҳидояти хоҷа ва сарпарастии онҳо лоиҳаи навбатии Кабирӣ дастгирӣ ёфт ва ниҳоят ӯ роҳбари ин ташкилот пазируфта шуд. Кабирие, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун террорист шинохта шудааст худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, шабу руз барои иҷрои супоришҳои хоҷагонаш кӯшиш менамояд.

Мақсади ниҳоии Кабирии разил ҷавонони ноогоҳро ба сафҳои худ ҷалб намояд. Зеро ки мардум ҳама аз хиёнатҳои наҳзат огоҳ гардид ва ин ташкилоти тахрибкорро фаъолияти ғайриқонуниашро чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил ҳамагон маҳкум намуданд. Дигар боварӣ ва умед аз ТЭТ ҲНИ шикаста шуд.

Дар робита ба иштироки паймоншиканон дар гирдиҳамоиву гейпарадҳои Аврупоӣ мо ҷавонони кишвар зикр медорем, ки Кабирии разил бо ниқоби нав мехоҳад сафҳои нопокашро пур кунад. Аммо касе ва нафаре ба ҷуз пасмондаҳои наҳзат ва гумроҳони ҳамсафараш ба он бовар нахоҳанд кард.

Роҳбарияти Паймони миллӣ ва дигар ҳаммаслакони онҳо худро чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё хостори оромиву суботанд, аммо бо супориши хоҷагонашон пасипардагӣ амалҳои тахрибкоронаи хешро идома дода, аз вафодорӣ ба онҳо даст намекашанд, зеро рӯзашон бо ду пули сиёҳи хоҷагонашон мегузарад. ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ ҳамун як тӯқуми хари Кабирӣ ҳастанд.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

 кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like