Аз мушкилоти муваққатӣ воҳима сохтани наҳзат
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар сӯҳбаташ (санаи 13-уми декабр тариқи ютуб-канал) баробари дигар масъалаҳои бардоштааш, инчунин масъалаи муаммои барқ, ки муваққатан дар ҷумҳурӣ то санаи 10-уми декабр мавҷуд буд, бардоштааст.
Муҳидин Кабирӣ танқисии барқи дар кишвар бударо гӯё сохта арзёбӣ намуда, оммаи мардуми кишварро ба инқилоб даъват намудааст.
Давлат як оилаи калонро мемонад ва албатта оила бе камбудӣ ва норасоии шуда наметавонад, зеро мазҳ бо ҳаллӣ мушкилоти пешомада аъзоёни оила пеш мераванд ва ба ҳадафҳои гузоштаи худ мерасанд.
Мушкилоти барқ дар фасли сармо барои кишвари мо нав нест. Мо ҳамагон солҳои пешро ёд дорем, ки то кадом дараҷа ин масъала мубрам ва ҳалталаб буд. Хушбахтона бо ба истифода дода шудани НБО «Роғун» ва як зумра нерӯгоҳҳои хурд ва бузурги кишвар ин мушкилоти то қадре ҳалли худро ёфта, солҳои охир ҳатто дар фасли зимистон мо бо мушкилоти танқисии барқ дучор нашуда будем.
Соли гузашта мувофиқи муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кам бориш буда, сатҳи оби обанборҳои кишвар то дараҷаи муайян паст рафтааст. Дар муроҷҷиатномае, ки Ҳукумат ба мардум кардааст, далели ҷорӣ шудани лимит панҷоҳ дарсад кам шудани об дар дарёи Вахш гуфта шудааст. “Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад”, – омадааст дар муроҷиатнома. Ҳамчунин гуфта шуда, ки имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Ҳукумат мегӯяд, агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.
Гуфта мешавад, ки дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад. Ҳукумат қарор карда, ки бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ кунад.
“Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд”.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷбур шудааст пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерӯи барқро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ намояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки вазъиятро дуруст фаҳманд.
Аз ҳамин нуқтаи назар, оғоз намуда аз 10 декабри соли ҷорӣ мушкилоти таъмини барқ дар кишвар аз байн бардошта шуд. Ҳамагуна мушкилот ҳалшаванда мебошад, агар ҳамакаса бо фаҳмидани ҳолати воқеӣ ба он муносибат намоем. Ин ҳолатро бо мақсади ғаразноки худ истифода бурда «подоши сиёсӣ» кор кардан ба андешаи мо кори нодуруст мебошад.
Мо сокиноки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати рафтори ноҷавонмардонаи Кабирӣ ҳисси нобоварӣ ва нафрати худро баён менамоем. Инқилоб ҳам масхара шуд, ҷаноби Кабирӣ!
Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсент мудири кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ