Мақсади Кабирӣ ин ноором намудани ҷомеа
Дар мақолаи иғвогаронаи худ роҳбари Ташкилоти ифротии Ҳизби наҳзат Кабирӣ кўшиш намудааст, ки шаҳрвандонро ба норозигӣ нисбати ҳукумат даъват намояд.
Тавре, маълум аст баъзе маҳдудияти барқ, ки то 10 декабри дар ҷумҳурӣ бо сабабҳои таъмиру таҷдид дар нерўгоҳҳои барқӣ ба амал омад. Аз 10 декабр дар ҷумҳурӣ барқ ба пуррагӣ дода шуда истодааст.
М.Кабирӣ даъво менамояд, ки гўё барқ ба давлатҳои хориҷа интиқол дода шуда истодааст. Чунин даъво асос надорад, зеро раёсати ширкати «Барқи тоҷик» изҳор намуд, ки дар фасли зимистон ба ягон давлат қувваи барқ интиқол дода намешавад. Кабирӣ кўшиш менамояд, ки аз ҳар як мушкилию норасоии муваққати истифода намуда, ҷомеаро ба ташвишу изтироб тела медиҳад.
Мо хуб медонем, ки аз январи соли 2017 дар Тоҷикистон барқ дар тамоми фасли сол бе ягон маҳдудият дода мешавад. Дар мақолаи худ Кабирӣ оиди боздошт шудани собиқи вазири саноат Зайд Саид, аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва баъзе шахсиятҳои дигар ҳарф зада онҳо ҳақиқатҷў тасвир намудааст, ки ин ба ҳақиқати асл мувофиқат намекунад. Тавре, маълум аст Зайд Саид барои ҷиноятҳояш ба 28 сол маҳкум карда шудааст. Ў дар солҳои дар вазифа буданаш корхонаҳои саноатиро ғайриқонунӣ ба шахсони алоҳида фурўхт. Ба ғайр аз ин ў дар Душанбе ширкатхои сохтмонӣ таъсис дода биноҳои зиёди баланадошёнаро фурўхта соҳиби маблағҳо гардид.
Кабирӣ кӯшиш намудааст, ки бо мақолаи худ мардумро ба кинаву адолат даъват намояд. Маълум аст, ки М.Кабирӣ чун сарвари Ҳизби наҳзат мақсад дорад, ки дар ҷумҳурӣ ҷонибдорони худро зиёд намуда, мақсадҳои ифротгаронаи худро бо дасти онҳо амалӣ созад.
Шахрвандони Тоҷикистон нақшаҳои ифротгаронаи Кабирӣ ва ҳизби ӯро хуб медонад ва ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки бо иғвогароиҳои нави худ фазои ҷомеаро носолим гардонада, хаёти тинҷу ороми имрўзаро халалдор намояд.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ