Паймони худсохтаи Кабирӣ!
Сараввал бояд бигӯям, ки барои ободиву оромиву осудагии давлату миллати тоҷик ба ғайр аз Ҳукумати қонунӣ бо роҳбарии Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар ягон Паймон, ҳизб, ҳаракат кӯшиш ба харҷ намедиҳад.
Ин гурӯҳи аблаҳону душманону паймоншиканҳои миллати тоҷик имрӯз гӯё дар фикри ҳимояи ҳуқуқи мардуми тоҷик мебошанд ва гуё аз Иттиҳоди Аврупо, ки худ нақзкунандаи ҳуқуқи инсон мебошад талаб мекунанд, ки барои беҳтар гардидани ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чораандешӣ намояд.
Иттиҳоди Аврупо низоми таҳримоти шахсиро барои нақзи ҳуқуқи инсон таҳия ва тасдиқ намуда бошад бояд дар рӯйхати он сараввал роҳбари Паймони миллӣ Кабирӣ бо тамоми аъзоёнаш номнавис шаванд, зеро онҳо нафароне мебошанд, ки берун аз давлат истода ба зарари тамоми шаҳрвандон амал менамоянд.
Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар воқеъ бо мақсади ҳуқуқи инсон ва демократия амал мекарда бошанд, бояд чунин гурӯҳҳоеро ки аз давлати худ фирор намуда баҳри ноором сохтани вазъият, баамал баровардани табадулоти давлатӣ нақшаву ният доранд, ба зарари давлату миллати хеш бо ҳар роҳу восита кушиш ба харҷ медиҳанд дастгир намуда бигзор тибқи қонунгузории Аврупо ҷазои сазовор диҳанд.
Дар мавриди чунин амал кардани Иттиҳоди Аврупо ҷомеа ҷаҳони бовар мекунад, ки Аврупо тарафдори ҳуқуқи инсон ва демократия мебошад. Мутаассифона Иттиҳоди Аврупо чунин шахсиятҳо ва гурӯҳҳоро на “дастгир” балки “дастгирӣ” менамояд, маблағгузорӣ мекунад, нақшаҳои нав сохта роҳнамоӣ месозад. Мисоли ин гуфтаҳоро мо дар инқилобҳои ранга дар якчанд давлатҳо ба монанди Белорусия, Қирғизистон, Венесуела, Ироқ, Ливия ва ғайра дида метавонем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз яке аз давлатҳои воқеан демократӣ аст ва демократия бо тамоми нишонаву аломатҳояш амалӣ шуда истодааст.
Барои мукаммал, муттаҳид, ба талаботи замон ва низоми давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мутобиқ сохтани ҳокимияти судӣ ва дар амал татбиқ намудани адолати судӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ва устуворона кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки нақши судҳоро дар татбиқи сохти конститутсионӣ ва волоияти қонун баланд бардоранд.
Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ санаи 26-уми ноябри соли 2019 чунин ибрози андеша намуданд: «Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлололии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.
Барномаҳои ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.06.2007 таҳти №271, 3.01.2011 таҳти №976, 05. 01. 2015 таҳти № 327 ва 19. 04. 2019 таҳти № 1242 танҳо бо мақсади такмили низоми судӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон қабул гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар асоси қонунҳои амалкунандаи худ тамоми ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Ин гурӯҳи ҷинояткор, хиёнаткор, ватанфурӯш ҳуқуқи маънавии чунин талабро надоранд, зеро роҳбар ва аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноятпеша солҳои дароз худ даст ба таркиш, куштор, сухтор, таҷовуз ба номус, гаравгонгирӣ, вазнинтарин ҷиноят хиёнат ба Ватан намуда истодаанд. Онҳо ба гурӯҳи худ на Паймони миллӣ балки Паймоншиканҳои миллӣ бояд ном гузоранд.
Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ