Толибон гурӯҳи ба ном муҷоҳидон
Дар шароити мирӯзаи ҷаҳонишваӣ хатару ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ оламро ба ларза овардааст. Маҳз аз қафои фаъолияти ингуна созмонҳои ба ном динӣ мардуми оддӣ ва давлатҳо зарар мебинанд. Яке аз созмонҳои ба ном диние, ки дар қарни ХХ аррзи ҳастӣ намудааст ин “Толибон” мебошад. Агар ба таърихи ташкили созмони мазкур назар афканем маҳз дар давраи вуруди нерӯъҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон дар солҳои 1979-1989 аз ҷониби хадамотҳои махсуси давлатҳои абарқудрат барои монеа барзидди армияи шӯравӣ ташкил гардида буд.
Дар он давра ин гурӯҳи террористӣ худро “муҷоҳидон” меномиданд ва бо ақидаҳои диниву мазҳабии худро бар муқобили Армияи сурх ба ибораи “душман” мубориза мебурданд. Таҳлили созмонҳои мустақили ҷаҳонӣ дар фазои иттилоотӣ ҳаминро нишон дод, ки созмони “Толибон” бо мақсади ворид кардани халал ба армияи ИҶШС, барангехтани мардуми пашту бар муқобили мардуми ғайрипашту пеш аз ҳама тоҷикон равона гардида, хоҳони ба даст гирифтани қудрат дар Афғонистон ва ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир расониданро дошт ва то ҳол доранд.
Баъди аз хоки Афғонистон рафтани Армияи ИҶШС, ҳукумати он давлат ба дасти мардуми тоҷик ва пеш аз ҳама элитаи минтақаи шимоли Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ гузашт ва ин омил хавфи аз байн рафтани ташкилоти “Толибон”-ро дошт. Сармеъморони созмони мазкур акнун нақшаи аз байн бурдани бузургони Афғонистон ва зиёдкардани низоъву хунрезиро дар хоки ин давлат ба тарҳ кашида, зина ба зина амалӣ карда истодаанд. Ҳамин гуна ҳам шуд ва соли 2001 Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ба таври фоҷиавӣ кушта шуд ва давлати Афғонистон инак ан қариб 17-18 сол аст, ки ба макони ҷангии давлатҳои абарқудрат кашида шуд.
Ҷунбиши “Толибон”-ро дар аксари давлатҳои пасошӯравӣ ҳамчун ҳаракати террористиву экстремистӣ шинохта шудааст ва пайравону ҳамақидагони онро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Инак тайи даҳсолаи охир созмони мазкур даҳҳо нафаронро қурбон ва таркишҳо доир кардааст. Хавфи созмони мазкур ба амнияти Тоҷикистон мавҷуд нест, барои он ки мақомотҳои қудратӣ бо омодабошии ҷангӣ бар муқобили ҳамаи нерӯъҳои фиротӣ ва бадкирдор мубориза мебаранд.
Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ