Фирӯза Нуруллозода: Донишҷӯёни ДДҲБСТ ҷавонони ватандӯст ва пайравони асили Пешвои миллатанд
27 ноябри 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода бо донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ баргузор гардид. Зимни мулоқот муовини раиси шаҳри Хуҷанд қайд кард, ки ҳидоят ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Илова шуд, ки вазъи ҷаҳони муосир мураккаб гардида, гуруҳҳои манфиатҷу ба ҳар роҳу восита хостори амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокашон мебошанд. Хуруҷи бемориҳои сироятӣ аз мушкилии дигари доғ гардидааст. Бинобар ин ҷавононро зарур аст сарҷамъу муттаҳид гардида, дар солимии миллат ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Сипас, мудири бахши ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ибрози андеша кард.
Ҳамчунин имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и донишгоҳ мулоқоти судманд бо иштироки намояндагони қисмҳои низомӣ бо донишҷӯён доир гардид. Зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошанд.
Дар интиҳо қайд гардид, ки донишҷӯёни ДДҲБСТ ҷавонони ташаббускору серғайрат буда, дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои милливу дастовардҳои даврони Истиқлолият нақши муассир доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


