Муҳаммадиқболи қаллоб ислоҳ намешавад!

Муҳаммадиқбол Садуридинов, ки яке аз идеологони  ташкилоти террористию экстремии наҳзати исломӣ мебошад дар баробари ватанфурӯшиву миллатфурӯшиаш, қаллоб низ будааст. Ў бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баррасӣ ва санҷиши аризаҳо нишон дод, ки Муҳаммадиқболи Садриддин моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз Қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12% фоида хоҳад дод.  Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.

Ҳамин тариқ, Садуридинов М.Қ. бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст.

«Бо дарназардошти он, ки дар кирдорҳои Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбати номбурда парвандаи  ҷиноятӣ оғоз ва дар кофтукови расмӣ эълон карда шуда,  тафтишоти пешакӣ  дар робита бо ин парванда  идома дорад», омадааст дар хабари мақомот.

Ҳамаи ин маълумотҳои расмӣ ва воқеии тасдиқшудае, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намуда аст, албатта аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири сомонаи наҳзатии  “Ислоҳ.нет” рад карда шудаанд. Ин ҳолати табиист, ягон қаллоб, аз он ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин гуноҳи худро ба гардан намегирад. Муҳаммадиқболи Садриддин минбаъд низ қаллобиашро давом хоҳад дод ва бо ҳар роҳ мехоҳад боварии одамонро ба даст орад.

Аз чунин сифатҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамаи шаҳвандони кишвар бояд воқиф бошанду ба доми фиребу ў наафтанд. Ба мақсад мувофиқ мебуд, ки чунин сифатҳои шахсияти Муҳаммадиқболи Садриддин ба тамоми аҳолии кишварамон тавассути ВАО муарифӣ карда шаваду ҳалқи Тоҷикистон фирефтаи ў нагарданд.

Латипов С.У.ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like