Худбинии Кабириву паймон

Мутаассифона дар ҷамъият инсонҳое то ба ҳол арзи ҳастӣ мекунанд, ки ба ғайр аз ғайбат, бадгўй, қадр накардани арзишҳои миллӣ ва худбинӣ, дигар коре надоранд .

Мақолае, ки дар сомонаи расмии ТЭТ ҲНИ “Паём.нет” бо номи “Пешвои ошхўр”-ҳо нашр гардидааст, кирои вақт сарф кардан ва мутолиа намудан намекунад, лекин барои давлат, миллат, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни кишвар, қадрдонии Пешвои муаззами миллат хондам ва фикри худро ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон рўи қоғаз овардам.

Эҳё намудани ҷашну маросим ва расму оинҳои миллӣ, яке аз роҳҳои муаррифии кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва огоҳ намудани ҷавонони насли истиқлол бо ин арзишҳои гаронбаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод мебошад, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд.

Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рехтаи марди деҳқон мебошад.

Иди Меҳргон ба монанди дигар ҷашну маросимҳои аз ёд фаромушшуда дубора бо ташаббуси Пешвои миллат, ҳамчун Президенти эҳёгари фарҳанг ва тамаддуни миллии тоҷикон эҳё гардид. Таҷлили иди Меҳргон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 –уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гўшаю канори кишварамон бо шукўҳ ва шаҳомати ба ин ид хос ба роҳ монда мешавад. Аз рўи сарчашмаҳои таърихӣ таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст.

Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рўзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рў, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб мебошад.

Дар мавзўи иди Меҳргон дар китобҳои таърихӣ маълумоти зиёди асоснок мавҷуд аст ва аз ин лиҳоз ба муаллифи ин мақолаи саропо бухс ва нафрат нисбати иди Меҳргони аҷдодӣ ва иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти дар воқеъ мардумии кишвар тавсия медиҳам аз сарчашмаҳои таърихӣ истифода баранд ва маълумоти бештар ба худ гиранд.

Муаллиф мақолаи худро бо палав пухтану палав хурдан оғоз карда нисбати иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабиниҳо бахшида ба иди Меҳргон, нисбати озмунҳои эълон гардида ва ҷамъбасти онҳо ва дигар мавзўҳо навиштааст, ки хандаовар мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кулли мардуми тоҷик ҳамчун Президенти мардуми эътироф, эҳтиром ва қадршиносӣ менамоянд аз он сабаб ки дар ҳар сафари худ ба гушаву канори мамлакат аз аҳволи пирону ятимон, камбизоатону беморон дидан мекунанд ва кумакҳои беғаразонаи худро мерасонанд. Дар баробари ин Пешвои миллат дар ҷашну маросимҳои миллӣ иштирок намуда мардуми шарифи Тоҷикистонро ба қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба расму оинҳо даъват мекунанд, ки боиси ифтихори шаҳрвандони кишвар мебошад.

Нисбати масъалаи интихоботи баргузоргардида ва натиҷаи он низ дар мақолаи худ баъзе суханҳои ба воқеият асос надоштаро навиштааст, ки мардумро ба гумроҳӣ мебарад.

Нисбати масъалаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфтаниям, ки интихобот тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии байналмилалӣ ва ватанӣ ташкил ва баргузор шуд. Ташкил ва баргузории онро мушоҳидони байналмилалӣ ва миллӣ назорат карданд. Натиҷаи онро раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ эълон намуд, ки ба он ягон мушоҳиди миллӣ ва ё байналмилалӣ эрод ё шикоят накард, дигар номзадҳо низ натиҷаи онро қонунӣ ва демократӣ ҳисобиданд. Аксари сарварони давлатҳои ҷаҳон баъд аз эълон гардидани натиҷаи интихобот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро табрику шодбошӣ гуфтанд. Ҳамчун як тан тоҷикистонӣ бо боварӣ иброз медорам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар дар интихобти давлатҳои ҳамсоя низ иштирок намоянд пирўз мегарданд.

Ба муаллифи ин мақолаи бе мазмун, бемантиқ ва саропо иғвою нафрат маслиҳат медиҳам, ки вақти худро барои навиштани чунин мақолаҳо сарф накарда аз паи кору зиндагии оромона шаванд.

Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи

ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like