Идома ва ҷамъбасти онлайн-конференсияи байналмилалӣ
Онлайн-конференсияи байналмилалии илмию методии «Аккредитатсияи байналмилалӣ – омили баланд бардоштани сифати таълим» пас аз нисфирӯзӣ дар 6 бахш идома карда, олимону донишмандон ва устодон тариқи онлайн маърӯзаҳҳо ироа карданд.
Дар ҷараёни баргузории бахшҳои конференсияи байналмилалӣ перомуни мавзӯҳои аккредитатсияи байналмилалӣ дар низоми баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ, истифодаи таҷҳизоти рақамӣ дар раванди машғулияти корҳои лабораторӣ аз физика, тартиби гузаронидани машғулияти семинарӣ ва амалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқшиносӣ, амалияи аккредитатсия дар системаи таҳсилоти олии Русия, мақом ва рисолати омўзгор дар ҷомеаи мутамаддин:таҳлил ва дурнамои он, мушкилотҳои ҳамгироии низоми таҳсилоти олии Ҳумҳурии Тоҳикистон дар раванди гузариш ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ, баъзе масъалаҳои такмили санадҳои меъёрии Ҳумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва баргузории машғулиятҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар низоми кредитии таҳсилот, аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои ДДҲБСТ, аҳамияти омўзиши забонҳои хориҷӣ дар раванди аккредитатсияи мактабҳои олии Тоҳикистон, аккредитатсияи байналмилалӣ–ҳамчун захираи баланд бардоштани сифати таҳсилот, муҳиммияти аккредитатсия дар рушди мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҳикистон, аккредитатсияи байналмилалӣ ҳамчун арзёбии ҳамаҷонибаи сифат дар системаи маориф, фазои муосири таълимӣ барои мутахассиси оянда ва ғайраҳо мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳадаф аз баргузор намудани онлайн-конференсияи байналмилалии илмию методии «Аккредитатсияи байналмилалӣ – омили баланд бардоштани сифати таълим» табодули таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олиидохил ва хориҷи кишвар дар масъалаи аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимӣ арзёбӣ мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





