Наҳзатиён аз мақсаду ҳадафҳои нопоки худ даст намекашанд

Абдулло Раҳнамо таҳлилгари масоили сиёсӣ ва байналмилалӣ бар ҳақ қайд кардаанд, ки “мавзӯи ахлоқи мубориза, маънавияти сиёсатмадорӣ ва пойбандии андешаи ҷавоннаҳзатиён ба арзишҳои оддитарини инсонӣ ва исломӣ ҷавобгӯ нест”.

Бояд ба эътибор гирифт, ки ТЭТ ҲНИ ба хубӣ дарк мекунад, ки бо вуҷуди ҳама иддаоҳои мағруронаи хеш аслан ҳеҷ ҷойгоҳ ва мақоме дигар дар Тоҷикистон надорад, яъне дигар ҳеҷ қишре аз мардуми кишвар ба ин ҳизби ифротгаро ва шиорҳои фиребои он бовар надорад. Аз ин рӯ, раҳбарияти ТЭТ ҲНИ барои ислоҳи ин нуқтазаъфи худ ночор ба ниҳодҳо ва афроди дигарандеши тоҷик рӯй овардааст то сафҳои парешони худро мукаммал кунад, аммо афроду ниҳодҳои дигарандеши тоҷик низ дар заминаи таҷрибаи талхи пешини ҳамкорӣ бо ин ҳизби худхоҳи террористӣ дигар намехоҳанд аз як сӯрох ду бор моргазида шаванд.

Маълум аст, ки роҳбарияти ТЭТ  ҲНИ бо таҳқиру нафрат чун шеваи деринаи наҳзат ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои озодии афкорро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Бубинед ин наҳзатиёнро, ки агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо амалан алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Магар тақозои дини мубини ислом ҳамин аст? Не, албатта не! Ин тақозои дили чанд муддаии фазлфурӯшу иззатталаб ва ҷоҳпараст асту бас! Аммо намояндагони ин гурӯҳи тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд ва нек донанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт

Баъзан мешунавем, ки масъулини ТЭТ  ҲНИ мусоҳибаҳову нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳи сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор додан мехоҳад, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чанбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард. Ин ғайр аз ҳангомасозӣ ва бузургтарошӣ чизи дигаре нест, зеро ТЭТ  ҲНИ на фақат акнун, балки ҳатто дар даврони ҳассосияти вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта низ натавониста буд ҳадди ақал шинохтатарин рӯҳониёни кишварро дар сафҳои худ ба ҳам оварад. Гузашта аз ин ТЭТ  ҲНИ натавониста буд сабаби сарҷамъии ҳатто рӯҳониёни ИНОТ гардад. Пас чӣ гуна метавон муътақид шуд, ки ин ҳизб хостаҳои оммаи васеи мардумро дар кишвар муаррифӣ мекунад ва намояндаи як қисми мардуми Тоҷикистон аст? Бидуни шубҳа ин ҳизб фақат як ҳизби хонаводагӣ аст, ки дар сатҳи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари мо куллан мавқеъ надорад. Таъсиси “Паймони миллӣ”-и кунунии онҳо бо ин ҳайати камзарфият далели дигари равшане бар дурустии ин гуфтаҳост.

ТЭТ  ҲНИ ният дорад, ки дар заминаи ташкили эътилофи дигарбораи гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик, яъне “Паймони миллии Тоҷикистон” сояи худро аз буда бузургтар ҷилва диҳад ва дар баробари зери бол гирифтани ин нерӯҳо баландпарвозӣ кунад, аммо воқеият куллан чизи дигареро ба намоиш мегузорад.

Ба ин ҳизби террористӣ, ки боиси ҷанги шаҳрвандии кишвар ва кушта шудани ҳазорон ҳазор ҳамватанон гардид, аслан ҳеҷ касе бовар надорад. Ин ҳизб на фақат бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, балки он ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ пайвастаанд, аслан ё аъзои ТЭТ  ҲНИ мебошанд ва ё зери таъсири он мондаанд.

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи

 ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like