Баррасии масъалаҳои мубрам дар ҷаласаи донишгоҳӣ

26 – сентябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи васеи шӯрои сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баргузор гардид. Пеш аз оғози ҷаласа иштирокчиён қисми 5-уми  филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро тамошо карданд.

Дар оғози ҷаласа ректори донишгоҳ, шахси боэътимоди номзади арзандаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Шарифзода доир ба барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ маълумот дода афзуд, ки барномаи пешазинтихоботӣ “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” унвон дорад.

Муъмин Шарифзода ҳамчунин аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳо ҳарф зада, зикр намуд, ки дар ин марҳилаи дурахшони таърихӣ дар партави сиёсати оқилонаву дурбинона ва ба бунёдкорию созандагӣ нигаронидашудаи Пешвои муаззами миллат барои таҳкими давлатдории миллӣ, тараққӣ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан иқтисодиёт, афзалияти бештар додан ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ноил гардидан ба озодии комили сиёсӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва дар умум, ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат корҳои бузург ба анҷом расида, қадамҳои устувор гузошта шуданд ва роҳи ба даҳсолаҳо баробар паси сар гардид. Сарвари донишгоҳ аз иштирокчиёни ҷаласа хост дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд.

Дар идома тибқи рӯзномаи ҷаласа фаъолияти сарпарастони гуруҳҳо натиҷагирӣ шуда, мавзӯҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва назорати давомоти донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимӣ, ҳамчунин андешидани чораҳои зарурӣ нисбат ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳои ҷаласа роҳбари донишгоҳ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва дар соатҳои тарбиявиву кураторӣ ба донишҷӯён дар бораи муқаддасоти милливу давлатӣ маълумот диҳанд то донишҷӯён дар баробари донишҳои тахассусӣ ватандӯсту хештаншинос тарбия ёбанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like