Баҳои одилона нисбати Тоҷикистон!
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳони имрўз баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва аз сар гузаронидани ҳодисаҳои мудҳиши ҷангӣ шаҳрвандӣ ба яке аз кишварҳои аз ҷиҳати амният ва субот беҳтарин ба ҳисоб меравад. Тасдиқи ин гуфтаҳо таҳқиқоте, ки Маркази таҳлилии Амрикоии Колап дар миёни 142 кишвари дунё гузаронидааст, ба ҳисоб меравад. Тибқи таҳлили ин созмони бонуфузи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷиҳати суботу амният дар миёни 142 давлати дунё дар ҷои дуюм меистад.
Амнияту суботро дар чунин вазъияти мураккабу муташанниҷи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин намудан ин аз заҳматҳои шабонарўзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ шаҳодат медиҳад. Имрўз дар тамоми қаламрави кишварамон, дар дурдасттарин минтақаҳои он низ амният таъмин аст ва шаҳрвандон дар дилхоҳ вақти шабонарўз бехавфу хатар гашту гузор карда метавонанд.
Натиҷаи чунин амният ва субот дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад, ки ҳамасола шумораи сайёҳон ва самоягузорони хориҷӣ зиёд гардида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмин кардани амнияту субот дар дохили худ, ҳамчунин ба амнияти Осиёи марказӣ ва ҷумҳуриҳои ИДМ низ таъсири мусбии худро мерасонад ва баҳри нигоҳ доштани чунин амният дар минтақа давлатҳои Осиёи марказиро зарур меояд, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагию, ҳамкории судманд корро дар ин ҷода ба роҳ монанд, зеро Тоҷикистон имрўз ба он таҳдиду хатарҳои замони муосир, яъне терроризм ва экстремизм дар сафи пеши муқобилият қарор дорад ва сарҳаде, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон дорад ин сарҳади ҷанубии ҷумҳуриҳои ИДМ ба ҳисоб меравад, ором будан вазъият дар ин минтақа кафили оромӣ дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мебошад.
Натиҷаи таҳлили созмони байналмилалии Колап оид ба вазъияти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеӣ мебошад, дар ҳақиқат амнияту суботи саросари Тоҷикистон таъмин аст ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар зери сиёсати давлат муттаҳид гашта баҳри нигоҳ доштани амнияту субот ҷаҳду талош варзанд.
Муллоҷонова Н.А. – сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ