«Рayom.net» – минбари тӯмату бӯҳтони наҳзат

Мақолаи Анвар Мунавваршоев- «таҳлилгари сиёсӣ»-ро дар шабакаи «Рayom.net» мутолиа намуда, дар ҳайрат мондем. Зеро журналистони тасодифие, ки гурўҳҳои экстремистиву террористии дар Аврупо будаи ТЭТ ҲНИ «мехаранд» зиёд шуда истодааст. Ин ҳолат ҳар як шахси ватандўстро наметавонад ба ташвиш наоварад. Аз тарафи ин хоинон бар зидди Ватан бурдани ҷанги иттилоотӣ нафрати моро афзун менамояд.

Ҷанги иттилоотиро баъзан ҷанги психологӣ низ мегуянд. Ин маҷмўи амалҳое мебошад, ки ба тағйир додани тафаккури тарафи мухолиф равон гардидааст. Мақсади «озодихоҳони Ватан» бо сардории  Кабирӣ низ фазои холии тафаккури мардуми тоҷикро бо роҳнамоиҳоиҳо ва мақсадҳои худ пур кардан аст. Вале онҳо нодида ба чунин ақидаҳо омада истодаанд. Зеро мардуми мо фарзандони худро чунин тарбия медиҳанд, ки худогоҳ бошанду ба қадри неъматҳои даврони Истиқлолият бирасанд.

Дар мақола омадааст, ки гӯё моҳи ноябри соли 1992 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ бо амри тасодуф Эмомалӣ Раҳмон ба курсии қудрат такя зад ва норозигии мардум аз сиёсати бераҳмона ва номуваффақи Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз меафзояд. Инчунин дар мақола боз тўҳматҳои зиёд нисбати Пешвои миллат ва ҳукумати кунунӣ оварда шудааст.

Ҳамагон хуб медонанд, ки тамоми фаъолияти Пешвои миллат аз рӯи Қонун ва ба манфиати мардум равона гардидааст. Ба ин гуфтаҳои далелҳои зиёд оварда шудаанд ва исботи худро ёфтаанд, ки ҳоҷат ба такрор нест. Сиёсат Пешвои миллат муваффақона аст ва мардум бо қалби худ пешвои худро дўст медорад. Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Эмомалӣ  Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2013, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз дошт, ки ӯ барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ӯ яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.

Ин ба ном “таҳлилгари сиёсӣ» боз як иҷрокунандаи фармоиши ТЭТ ҲНИ ва “марди майдон” мебошад, ки дар хориҷи кишвар аз дур тўҳматҳои бофтаи худро паҳн мекунад.

Методи асосии ҷанги иттилоотӣ- расонидани хабари бардурўғ аст, ки онро мухолифини Ватани азизамон мунтазам истифода намуда истодаанд. Тарзи анъанавии бурдани ҷанги иттилоотӣ ин берун аз кишвари мухолифин гузоштани нафарони “зархарид” мебошад, ки ин тарзи корбариро низ ТЭТ ҲНИ моҳирона бо маблағҳои калон пеша кардаанд. Дар ҳолати муваффақ гардидани душманон идоракунии давлат имконнопазир гашта, ба пастравии иқтисодиёт, ва баъзан ба ҷанги шаҳрвандӣ оварданаш мумкин аст.

Мо халқи бонангу номус намегузорем, ки тамоми дастовардҳои худро, ки тули Истиқлолияти кишварамон ба даст овардем, ба осонӣ аз даст диҳем. Зеро Истиқлолиятро бо “нархи гарон”, бо рехтани хуни мардуми тоҷик соҳиб шудем.

Беҳтараш Анвар Мунавваршоев ва монанди ў ватанфурўшон худро овора насозанд. Бигузор рисолати касбиашро аз рӯи виҷдон  иҷро намояд. Аз қафои ваъдаҳои М.Кабирӣ ҳам нагарданд. Беҳтараш аз пайи саломат мондани худ бошанд. Ба А.Мунавваршоев хотиррасон кардани ҳастем, ки тўҳмат кардан яке аз гуноҳҳои азим дар дини мубини Ислом аст. Аз амали худ пушаймон шавад ва тавбаи насӯҳ кунад то дер нагардад.

Азимова Н.С. – н.и.п., дотсент,

мудири кафедраи фанҳои риёзӣ ва

табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like