ДДҲБСТ: Тадбирҳо оид ба раванди таълим ва ҳифзи саломатии ҷомеаи меҳнатӣ
Имрӯз бо иштироки ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ҷаласаи раёсати донишгоҳ вобаста ба масъалаҳои омодагӣ, ташкил ва раванди бемайлони машғулиятҳои таълимӣ тибқи Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимӣ ва «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маороиф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19) баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода таъкид намуд, ки дар факултетҳои донишгоҳ раванди таълим бояд бо риояи қатъии талаботи санитарию гигиенӣ, аз ҷумла пӯшидани ҳатмии ниқоб, риояи масофаи иҷтимоӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва санҷиши ҳарорати бадан ба роҳ монда шавад. Садорати факултетҳо ва масъулин вазифадор гардиданд, ки ҳамарӯза барои ҳифзи саломатии устодону донишҷӯён, бо воситаи маҳлули хлордори шӯянда безарар гардондан синфхонаҳои таълимӣ, роҳраву долонҳо ва толорҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа оид ба назорати қатъии интизоми меҳнат, риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ, ислоҳи камбудиҳои мавҷудаи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявии муассиса ва дигар масъалаҳои ҷорӣ фикру мулоҳизаҳо баён гардида, ба масъулин дастуру вазифаҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





