ДДҲБСТ: Кӯмак ба табибон саҳмгузорӣ дар солимии миллат!
Санаи 18 август ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Дар рӯзи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тасмим гирифт кормандони маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷандро ба иди касбиашон шодбош намуда, ба онҳо хуроки гарм тақдим кард. Намояндагони раёсати донишгоҳ кормандони маркази мазкурро табрик намуда, афзуданд, ки солимии ҷомеа дар ҳама давру замон солимии миллат, давлат ва дар маҷмӯъ, сайёра дониста мешавад. Ҳамин аст, ки бо пайдо шудани бемориву маризиҳои гуногуни сироятӣ имрӯз бо қудрату тавоноӣ ва идроки ҳамидаи табибон аксар маризиҳо решакан мешаванд.
Қайд гардид, ки паҳн гардидани бемории ҳамагири Ковид-19 кору фаъолияти кормандони тибро дучанд гардонд ва онҳо дар сафи пеши мубориза ба ин бемории хатарнок истода, ба мардум хизмати шоиста намуданд. Роҳбарияти маркази саломатии мазкур барои таваҷҷӯҳ ва кӯмак ба раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Аз рӯзҳои нахустини паҳнгардии бемории коронавирус раёсати ДДҲБСТ дар паҳлӯи кормандони соҳаи тиб истода, онҳоро бо хӯрокҳои гарм таъмин ва дар безараргардонии кӯчаву хиёбон ва биноҳои баландошёна саҳмгузорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 1040 сол муқаддам дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омада, ба шарафи зодрӯзи ин аллома соли 1995 Парлумони ҷумҳурӣ 18 августро ҳамчун Иди касбии табибон ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд. Имрӯз табибони тоҷик бо ифтихор худро ворисони Сино ҳисобида, баҳри солимии миллату давлат талош менамоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







