Ахбор.ком аз худ дифоъ мекунад!
Мутаассифона, имрузҳо бархе аз ашхоси пуркинаву иғвоангез, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду худро ба тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ватандӯсту ватанпарвар вонамуд кардан мехоҳанд, нияти халал ворид кардан ба сулҳу суботи кишварамонро доранд.
Яке аз чунин шахсон созмондиҳандаи сомонаи интернетии «Ахбор.ком» Мирзои Салимпур аст. Ин гуна инсонҳо дар ҳар давру замон буданд, ҳастанд ва мутаассифона, хоҳанд буд. Ҳадафи асосии Мирзои Салимпур барин шахсон – танқиди доимии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва гумроҳ намудани мардуми осоиштаи ин кишвари биҳиштосо аст. Барои расидан ба ҳадафи худ вай мунтазам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ хоҳанд кард ва чун фидокор эътироф хоҳанд намуд. Инчунин, ӯ борҳо изҳор намудааст, ки мунтазам зери фишори равонӣ ва шантаж қарор мегирад, ки сабабгори асосии он «фермаи ҷавоб» аст. Вай таъкид мекунад, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук «фермаи ҷавоб» фаъолият мекунад ва он гӯё ки марбут ба мақомоти қудратии Тоҷикистон аст.
Аммо, бояд зикр намуд, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook ягон «фермаи ҷавоб» вуҷуд надорад ва вуҷуд ҳам надошт. Мақолаҳое, ки дар гурӯҳҳои мухталифи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷойд дода мешаванд, мавқеи шаҳрвандии ҳар як муаллиф аст, на чизи дигар. Агар мавқеи муаллифони мақолаҳо бо мавқеи чунин шахсони ифротгаро рост наояд, пас онҳо дарҳол изҳор медоранд, ки гӯё «фермаи ҷавоб» вуҷуд дорад. Имрӯз кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқифанд, ки мақсад ва ҳадафҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созанда буда, тамоми ҷидду ҷаҳди он баҳри таъмини сулҳу суботи ҷомеаи ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар равона карда шудааст. Аммо, мутаасифона, баъзе аз ашхосе, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, мехоҳанд вазъиятро ноором гардонанд ва ба ин васила ба ҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд. Онҳо манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоман ба инобат намегиранд ва фикр доранд, ки гӯё онҳоро мардум дастгирӣ менамоянд. Вале, онҳо иштибоҳи калон мекунанд, зеро ки мардуми шариф ва соҳибфарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард ва пешрафту обод намудани сарзамини аҷдодиро ҳадафи асосии худ қарор хоҳанд дод.