Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст.

Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Аз ин рӯ, маълум гашт, ки яке аз ҳадафи асосии ПМТ – ин зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон ба ҳисоб меравад.

Моҳияти терроризм – ин тарсонидан ва ба воҳима андохтани рақибони сиёси ва дигар муқобилон мебошад. Хусусияти  асосии терроризм ин ба даҳшат овардан ва бесару сомон кардан, тарсонидан ва  ба роҳгуми бурдани тарафи муқобил мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бурдан бо терроризм ва ба ҷавобгарии ҷинои кашидани террористон ва ҷинояткорони хусусияти террористи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16.11.1999 сол қабул гардидааст.

Дар қонуни мазкур дар моддаҳои 3 ва 4 мафҳумҳои асоси оварда шудаанд, ки дар он ба мафҳуми терроризм чунин тариф дода шудааст:

Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Ҷӯраев Ф. – н.и.и., дотсенти кафедраи

иқтисодиёт корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like