Баргардонидани шаҳрвандони мамлакат аз хоки ҷангзадаи Сурияву Ироқ амали мардонагист!
Чигунае, ки ба ҳамагон маълум аст дар кишвари ба ном “Давлати Исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) задухӯрдҳои мудҳиши мусаллаҳона ҳукмфармо аст. Дар ин мамлакат гурӯҳи ҷангҷӯён дар зери лиқоби дини ислом кӯшиши барпо намудани давлате бо ном “Исломӣ” ба қатлу куштори бераҳмонаи мардум машғуланд. Боиси таассуф аст, ки ҷангҷӯёни ин манотиқ бо роҳҳои ташвиқоти мафкуравӣ ва истифода намудани дини ислом ҳамчун восита ба зеҳни ҷавонони Тоҷикистон низ таъсир расонида, бархе аз онҳоро низ ба доми худ кашидаанд.
Мувофиқи маълумотҳо айни ҳол зиёда аз 1900 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар набардҳои дохилаи Сурияву Ироқ бевосита ширкат доранд. Қисмати муайяни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо худ аъзои оила – ҳамсар ва фарзандони худро бурдаанд. Аз мусоҳибаи зане, ки аз он даҳшатҳо наҷот ёфта, ба Тоҷикистон баргаштааст муайян мешавад, ки баъд аз фавти шавҳараш дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи Ироқу Шом ӯро ба дигар нафар ба шавҳар додаанд ва баъди ҳалок ёфтани ин шавҳараш боз ба нафари дигар ба шавҳар додаанд ва ин ҳолат чандин маротибаи дигар такрор ёфтааст.
Мудҳиштарин ҳаводис дар он аст, ки дар кишвари Ироқу Шом инчунин кӯдакону наврасон бо падару модарони худ рафта буданд. Падари ин кӯдакон дар муҳориба ҳалок шуданд модарашон зиндони гардиданд ва тақдири кӯдакон ба он ҳолат расид, ки ба гуруснагию хорӣ ва дар шароити сахту сангин умр ба сар мебурданд.
Бо ғамхории Сарвари адолатпеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳе қабл 84 нафар кӯдакону наврасони Тоҷикистон аз чанголи “ДИИШ” озод ва ба Ватани худ баргардонида шуданд.
Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ кӯдакону наврасон ба воситаи ҳавопаймои ширкати Ироқ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватани худ баргардонида шуданд. Дар терминали пойтахти мамлакат кӯдаконро намояндагони мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, табибон равоншиносон ва дигар хешу табори онҳо истиқбол карданд.
Ҳодисаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукуммати малакат зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тақдири ягон фарди Ватан гарчанде дар хориҷи кишвар бошад ҳам бе тараф нест. Ба Ватан баргардонидани 84 нафар кӯдакону наврасонро як хислати одилонаи Пешвои миллат гуфтан мумкин аст, ки маҳз дастуру ҳидоятҳои он кас барои ба Ватан боз пас баргардонидани кӯдакону наврасон муяссар намуд.
Шояд дар назар чунин намояд, ки аз Ироқу Шом ба Ватан баргардонидани 84 нафар кӯдакону наврасон кори саҳл намояд, вале дар асл чунин нест. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба Ватан боз пас гардонидани ин кӯдакону наврасон чандин гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо Ҳукуати Ироқ ва созмонҳои байналмилалӣ ба анҷом расонидааст.
Мувофиқи иттилои дигар дар зиндони Ироқ 50 нафар занҳои Тоҷикистон маҳкум шудаанд, ки бархе аз онҳо якумра аз озоди маҳрум мебошанд. Мутаасифона он занҳое, ки фирефта шуда, бо шавҳарони худ ба мамлакати Ироқу Шом рафтаанд баъд аз дастгир шудан аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ин кишвар зиндони шуда, бархеи аз онҳо якумра аз озоди маҳрум гардиданд. Он занҳое, ки як умра аз озоди маҳрум гардиданд на танҳо ба Ватани худ бар намегарданд балки дигарбора рӯи озодиро намебинанд.
Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳатто тамоми мардуми олам ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кори одилона, хайрхоҳона, дурандешона ва ғамхорона арзёбӣ намуданд.
Мо ифтихор аз он дорем, ки чунин сарвар дорем ва пайваста аз он шукр мекунем. Зиндаву поянда бод Ватани азизамон Тоқикистони соҳибистиқлол ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Муҳаммадюсуфи Ш. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ