Аз кирдори Кабирӣ бӯи «ихвон-уш-шаётин» меояд!
Созмони “Ихвон-ул-муслимин” дар кишвари Миср ба вуҷуд омадааст ва бино бар маълумотҳо баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 500 ҳазор нафар аъзо дошт. Бинобар иттилооти сомонаҳо ҳадафи асосии ин созмон барҳам додани ҳукуматҳои ғайриисломӣ дар кишварҳои олам ва пеш аз ҳама таъсиси давлатдории исломӣ дар ҳудуди мамлакатҳои мусулмоннишин мебошад. Дар чанд даҳсолаи охир ин созмон фаъолияташро дар кишварҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ҷоннок кард ва ҳамоно мақсади он ташкил намудани давлати идоракунияш исломӣ дар кишварҳо ва дар охир ба вуҷуд овардани давлати ягона – хилофати ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Созмон фаъолияти мазҳабӣ ва сиёсӣ мебарад. Фаъолияти созмони номбурда соли 2003 дар Федератсияи Руссия, соли 2006 дар Тоҷикистон, дар Сурия, Урдун ва мамлакатҳои дигар ба хотири террористӣ ва экстремистӣ буданаш манъ гаштааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ташкилоти мазкур ба таври пинҳонӣ ва ошкоро дар кишварҳои мухталиф фаъолият мебарад. Барои расидан ба ҳадафҳои худ намояндагон ва ё мубаллиғони созмони “Ихвон-ул-муслимин” тарғибу ташвиқоти худро барои сохтани давлат ва идоракунии исломӣ равона кардаанд. Дар таълимоти худ онҳо ғояи идоракунии одилона, адолатро шиор кардаанд, ки ин боиси зуд ба сафҳои ин созмон дохил гаштани ҷавонони камтаҷриба ва ё малакаи таҳлилӣ надошта мегардад.
Бо дастандаркории ин созмон ходими давлатӣ ва минбаъд президенти Миср Ҷамол Абдунносир Ҳасан соли 1954 мавриди сӯиқасд қарор гирифта буд. Доир ба амалҳои хуношоми ин ташкилот маълумоти фаровон мавҷуд аст.
Дар худи Миср, ки зодгоҳи ин созмон мебошад, Ҳизби озодӣ ва адолат бо дастгирии созмони “Ихвон-ул-муслимин” таъсис ёфта буд ва соли 2011 намояндаи ин ҳизб Муҳаммад Мурсӣ президент интихоб мегардад. Аммо накамтар аз як соли роҳбарияш аз идораи давлат барканор мегардад ва ба зиндон мефарояд. Ба ӯ барои ҳамкорӣ бо ташкилоти Ҳамос барои ҳамла ба кормандони полис, барои аз зиндонҳо гурезонидани пайравони созмонашон ва амсоли инҳо айб эълон карда буданд.
Ихвониён дар фаъолияти худ ба бисёр амалҳои террористӣ даст задаанд ва барои ҳамин ҳам дар баъзе кишварҳои араб онҳоро «ихвон-уш-шаётин» – бародарони шайтон ҳам номидаанд.
Воқеан, пайравони созмони номбурда, аз қабили Муҳиддин Кабирӣ ва комалесони ӯ ғояҳои барои амнияти давлату миллат хатарнок буда, бесабаб онро дар кишвари мо террорисӣ эълон карда, фаъолияташро манъ накардаанд.
Абдуллоева А.Т. – сармуаллимаи
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ