Изҳороти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнат нисбати фаъолияти дӯстонаи ТЭТ ҲНИ бо «Ихвон-ул-муслимин» ва ДОИШ
Дар зери асосҳои мақолаи «Ихвон-ул-муслимин» бародар ва ДИИШ шогирди ТЭТ ҲНИ мебошад, ки ба муаллифии Абдуҳалим Одинаев – ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, колегияи устодони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии факултети ҳуқуқшиносӣ ба чунин хулоса омадем, ки “Ихвон-ул-муслимин”, ТЭТ ҲНИ ва ДОИШ бо кирдорҳои зиддиамниятии худ на танҳо ба минтақа балки ба ҷаҳон хатар эҷод карда умед ва ояндаи ҳар фардҳо тира месозанд.
Барои мо мебояд, ки бо ин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ муташаккилона мубориза бурда то решакан шудани онҳо дасти худро аз ин иқдом дур нагирем.
Мо бояд дар зери сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва ҷанбаҳои идеологии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ кору фаъолияти хешро ба кор бурда муборизаи худро ба ин падидаҳои номатлуби номбурда дар зери ҳидоят ва роҳнамоҳи он кас барем.
Миллат ва давлат дар ҳамон ҳолат аз ҷиҳати амният таъмин мегардад, ки падидаҳое, чун ДИИШ, ТЭТ ҲНИ ва «Ихвон-ул-муслимин» аз байн раванд!
Аҳли кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии
факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ