Фаъолияти ғайриқонунии ТЭТ ҲНИ

Тавре ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир аксарияти давлатҳои абарқудрат барои дастгирию таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои гуногунҷабҳа дар ҷаҳони ислом маблағҳои беандоза сарф мекунанд.   Таърих собит сохт, ки фаъолияти ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои динй ягон вақт ба манфиати мардуми оддии мусулмон набудааст. Ҳарчанд ин падидаро дар ҷаҳони ислом ташаккули худшиносии динии халқҳои мусулмон маънидод мекунанд, аммо ин аз ҳақиқат дур аст.

Чунки онҳо ҳазорсолаҳо худро мусулмон медонанд, имон доранд, умедвори неъмату ваъдаҳои илоҳӣ мебошанд ва барои ин аз нав мусулмон шудан зарурат надоранд (ҳизбу ҳаракатҳо вазифаи асосии худро мусулмон кардани мардуми мусулмон меҳисобанд). Аз ин бармеояд, ки заминаи таъсиси ин ҳизбу ҳаракатҳо тақсими мардум ба «мусулмони комил» ва «нокомил» ё «муъмин ва кофир» аст. Мубаллиғони сиёсии ин ҳизбҳо исломи сиёсиро ҳамчун «бренд» истифода бурда, ба майдони мубориза ворид гардиданд. Як гурӯҳи мардум имондории худро ба ин бренди сиёсӣ пайваст карда, худро ҳамчун мусулмони комил нишон додани шуда, дар ҷомеа тафриқа андохта, дар кишвари мо низ ҳамин барномаро бо таъсис ва дастгирии ТЭТ ҲНИ амалӣ намуданд.

Пас маълум мешавад, ки ТЭТ ҲНИ як ҳизби дохили набуда, бо системаи ҷаҳонии ҳаракатҳои исломӣ пайваст буда, ҳамкориҳои ояндаи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ метавонад дар бозиҳои сиёсӣ нақши манфӣ дошта бошад. Ғояи вуҷуд доштани бахши ҳуқуқ доир ба ҳифзи фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ- сиёсӣ дар Ғарб ва Амрико аз он шаҳодат медиҳад, ки аз ҷониби ин созмонҳо ТЭТ ҲНИ ҳамчун аввалин намуна дар минтақа аст. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва мардум амнияту оромй дар кишвар таъмин ва Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Тибқи талаботи Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти расмии сиёсии ин ҳизб мебоист дар доираи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, қонунҳои дигари амалкунанда ва оинномаи ҳизби зикршуда баҳри таҳким бахшидани дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию динӣ ва ташаккули ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ошкоро ва шаффоф ба роҳ монда мешуд.

Лекин пас аз фавти роҳбари ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ роҳбари нав интихобшудаи ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни Раёсати олии ҳизб ва як зумра аъзоёни қатории он, аз рӯи ғарази сиёсӣ бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо намудани давлати исломӣ ва бо роҳи муборизаи мусаллаҳона тағйир додани сохти конститутсионии онро яке аз самтҳои фаъолияти сиёсии ҲНИ муқаррар намуданд. Баҳри ин мақсад моҳи сентябри соли 2015 табаддулоти давлатиро доир намуданд, вале дастболо нагаштанд. Хушбахтона фаъолияти ҳизби мазкур ба тамом баста шуд.

Саломов С.Б. – сармуаллими

кафедраи иқтисоди ҷаҳони ДДҲБСТ

You might also like