ДДҲБСТ: Мароми мо ободкорист!
Устодону кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо назардошти вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, ки саросар бемории сироятӣ (COVID-19) доман паҳн кардааст, дар баробари риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, ба тозаву покиза нигоҳ доштани муҳити атроф ва ободкорӣ саҳми мунир мегузоранд. Дар доираи ин тадбирҳо ва дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷойи корӣ шанбегӣ доир гардид. Тамоми роҳраву саҳни биноҳои таълимӣ, ҷуйбору гирду атрофи боғҳо тозаву озода гардонида шуда, полезҳо аз алафҳои бегона поккорӣ шуданд.
Қобили тазаккур аст, ки ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор ва нангу номуси миллӣ водор месозад, ки ба ободиву пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани азизамон аҳлона саъю талош намоем. Раёсат, ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки корҳои ободонию бунёдкориро идома бахшида, дар гулгулшукофии кишвари биҳиштосоямон саҳм мегузоранд.







