Овозаҳо оиди коронавирус бардурўғанд

Коронавирус Covid-2019 мансуби оилаи коронавирусҳо буда, ҳамчун инфексияи зоонозӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст. Айни ҳол ин вирус барангезандаи эпидемия дар якчанд нуктаҳои олам ба қайд гирифта шудааст. Шукронаи Аллоҳ, ки дар Ватани мо ин беморӣ қадам наниҳодааст ва боварӣ дорем намеояд ҳам.

Аз руи маълумотҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мешавад, ки аз 1 феврал то  8 апрели соли равон 7257 шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои кишвар ба карантин фаро гирифта шуда то имрӯз, 26 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ин шумора то рӯзи 8 апрел, 5243 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, феълан боқимонда нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои  мамлакат дар карантин қарор доранд. Аз ҷумлаи рузи гузашта 400 нафар шаҳрвандони ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд аз карантини 14 руза ҷавоб дода шуда, ба назди аҳлу оилаи худ равон гардиданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоте, ки чанде пеш гӯё марди 60 сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз гирифтории коронавирус вафот кард ва нишонаҳои ин вирус дар ин бемор ба чашм мерасид асоси воқеъӣ надоштанашро иброз кард.

Вобаста ба ҳолати кор Вазорати тандурустӣ аз сокинони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба  гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар накунанд ва бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маълумоти расмӣ, вобаста ба масъалаҳои коронавирус дар назди вазорат таҳти рақами 511 телефони боварӣ таъсис дода шудааст.

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии коронавирус дар ҳар муассисаҳои таҳсилоти то мактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳҳо, корхонаҳо ва дигар сохторҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли фаъолият ва ташкилиашон корҳои дизинфексионӣ анҷом дода шуда истода, аз болои иҷроиши ин кор шахсони масъул вазифадор гардидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ баъд аз Туркманистон ягона кишварест, ки аз бемории коронавирус эмин  мондааст.  Ба саволи “Кадом омилҳо боис  шуданд, ки дар Тоҷикистон коронавирус нест?” вазири тандурустӣ Насим Олимзода чунин ҷавоб гуфт: “Тамоми шаҳрвандоне, ки вориди кишвар шуданд, новобаста аз ҳарорати бадан, аломатҳои беморӣ доштан  ё надоштан, мо пурра онҳоро ба карантин фаро гирифтем. Тибқи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ  карантин 14 рӯз пешбинӣ шудааст. Умуман, 20-25 фоиз онҳое, ки гирифтори коронавирус ҳастанд, аломат надоранд. Инро аломати бесинтомӣ мегӯянд. Аллакай метавонанд, ки ҳамончун сироятёфта ба дигарон сироят расонанд. Имрӯз мо озмоишгоҳи сатҳи баланди байналмилалӣ дорем. 8 нафар вирусологҳои кишварро барои дақиқ кардани коронавирус дар Маскав омӯзонидем. Мо  22 нафарро дар озмоишгоҳҳои худамон аз ташхис гузаронидем. Барои муқоиса лозим донистем, ки намунаи онҳоро ба шаҳри Лондон фиристем. Хушбахтона, дар шаҳри Лондон низ набудани коронавирус дар ин нафарон тасдиқи худро ёфт”.

Ҳамин тариқа, аз таҳлили асосҳои дар боло оварда шуда маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон то ба имрӯз ягон нишонаи сироятёбии коронавирус дар ягон шахс ба қайд гирифта нашудааст. Ва вобаста ба ҳолати кор гуфтан мумкин аст, ки барои гирифтор нагардидан ба ин вирус ҳар яки моро лозим аст, ки аз ҷиҳати гигиенӣ худро дар эъмин нигоҳ дошта тавсияҳое, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ барои пешгирии ин вирус пешниҳод шудаанд ба инобат гирифта қатъи онҳоро риоя намоем.

Шукуров Ф.М. – сармуаллими кафедраи

ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ

You might also like