Хабарҳои бардуруғи Ахбор.ком
Чуноне, ки мову Шумо медонем дар вақтҳои охир дар томоми дунё нисбати касалии зудпаҳншаванда яъне коранавирус мубризаи беамон рафта истодааст. Дар байни давлатҳои ИДМ низ ин бемори дар авҷи паҳншавӣ қарор дорад. Ва ҳар як кишвар кӯшиши ба харҷ дода истодааст, ки ин бемориро сарҷамъона аз байн барад то зиндагии оромони худро давом диҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати пешгирифтани ин беморӣ новобаста аз сохторҳои дахлдори давлати ҳамаи сокинои кишварро барои эҳтиёт кардан ва эмин мондани саломатии худ кушиши карда истодааст. Бо вуҷуди он баъзе хабарҳои бардуруғ ки гӯё ин бемора дар Тоҷикистон низ мавҷуд аст аз тарафи фитнаангезон паҳн шуда истодааст. Лекин шоми гузашта аз хабарҳои расмӣ, ки аз тарафи шабакаҳои телевизионӣ маълум гашт дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи ба ин бемори вобастшуда ба қайд гирифта нашудааст. Яъне хабари иғвоангезӣ наҳзат мардуми моро ба роҳгуми бурда мерасонад. Вақте, ин инсон ба дудилаги роҳ медиҳад ба ваҳм ва ҳаросҳои беасос рӯ ба рӯ мешавад. Бо ибтикори роҳбарияти олии давлат нафарони аз хориҷа баргашта омада ба карантин фаро гирифта буданд ва чанд руз қабл 400 нафар сокинони вилояти Суғд, ки аксарият зодагони ноҳияи наздисарҳадии Ҷаббор Расулов мебошанд ба хонаҳояш ҷавоб дода шуд. Ташхиси вазорати тандурустӣ муайян намуд, ки дар бадани онҳо нишонаи бемории сироятии короновирус мавҷуд набуда, ҳама сиҳату саломат ҳастанд.
Сад шукр кардан лозим аст, ки ин бемора дар ҳудуди Тоҷикистон бақайд гирифта нашудааст. Ва барои боз ҳам бовари ҳосил намудани мавҷуд ё набудани ин маълумотҳои аниқ, мо новобаста тозагӣ шахси ва гирду атрофи худро доимо дар зери назорат гирем. Чуноне, ки мегӯян саломати ин бойгарии миллат ва наслҳои ояндаи солим ба ҳисоб меравад.
Дар асоси гуфтаҳои боло зикр менгамоем, ки мо бояд зиракиро аз даст надиҳем ва сарҷамона ин муаморо бартараф кунем. Агар мо якдилу яктан бошем онгоҳ ягон фитнаҳои бардурӯғ мақсадҳои неки мо монеъа намегардад.
Ашуров У.З. – ассистенти кафедраи
аудит ва ревизияи ДДҲБСТ